Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Дар хулосаи пешниҳоднамудаи вай омада буд, ки Сафо Боқӣ соати 2300-2315 дақиқаи шаби 27 ноябр дар натиҷаи гирифтани зарбаи сахт ба тарафи чапи қафаси синааш ба ҳалокат расидааст. Ҳангоми афтиш аз баландии зиёда аз 13-16 метр қувваи асосии зарбаро ҳамон қисми бадан қабул намудааст, ки дар сонияҳои аввал ба замин бархӯрдааст.
Ҳамчунин дар хулосаи ташхисгари тиббӣ-судӣ омада буд, ки ҳангоми ташхис дар сари маҳрум захме ба андозаи 0,3-0,8 мм дида мешавад, ки таърихи гирифтани зарба ба ҳамон соатҳои гирифтани зарбаи дар боло зикршуда рост меояд, ҳарчанд зарбаи мазкур боиси ба ҳалокат расонидани шахсро надорад, вале аз рўи қувваи ба он расида метавонад муддати на беш аз се-чор дақиқа боиси қатъ гардидани худидоракунии шахс гардад ё амсоли ин. Дар ин ҷо ташхисгар ҳарфи «ё,ё»- ро аз мадди назар дур накарда буд…
-Хуш чӣ хел? - баробари чашм аз болои ҳуҷҷатҳо бардоштанам пурсид муфаттиш.
- Бад не.
- Чияш хуб? - ҳайрон шуда пурсид муфаттиш.
-Ҳамонаш, ки ӯро кушта пас ба поён напартофтанд. - Шояд ҳамон хелаш беҳтар буд.
- Гумон доред, ки ўро дар ҳақиқат беҳуш намуда партофтанд?
- Намедонам. Шумо худ шоҳид ҳастед, ки банда бори аввал аст, ки ба санҷиши чунин ҷиноят даст задам.
- Барои ҳамин ҳам аз шикояти овардаи Бонози Даврон дар шигифтед?
- Охир ў аз болои мо шикоят намуд, пас чӣ тавр метавон ба ҳодисаи мазкур аз паси панҷа нигарист?
- Ҳамин хел одӣ.
- Шуморо нафаҳмидам.
- Мо дар куҷое пойи Бонози Давронро зер намудаем.
- Чӣ?
- Он чӣ шунидед?
- Ҳарчанд Бонози Даврон ба ман маъқул нест, вале ман гуфта наметавонам, ки ў дар марги шавҳараш даст дорад.
- То кунун банда ҳам дар чунин андеша будам.
- Оё гуфтанӣ нестед, ки тайи даҳ-понздаҳ дақиқаи дар ин ҷо буданатон андешаҳоятон тағйир ёфтанд.
- Корҳо на ба он дараҷае бад ҳастанд, ки мо гумон дорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор