Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нӯшони Азиз ба дар ангушт зад ва чун садои шефашро шунид, дарро кушод…


Хуршед ба ғуруб рафт…
Моҳи нав чун абрўи арӯси нозанин ҷойи ў бигирифт…
Роҳгузарон, онҳое, ки аҳли тақвоянд баробари дидани моҳи мунир лаҳзае бозистода зери лаб оятеро аз каломи рабонӣ қироат намуда, даст ба рўи кашида омин гуфтанд.
Бобоям ҳам ҳар замоне, ки моҳи навро медид, сари по меистод ва оёте хонда даст ба дуо мебардошт. Ҳарчанд он солҳо ман хурд будам, вале он қисми охири фотеҳаи мехондаи бобоям ҳанўз дар ёдам монда.
Эй бори Худои аршу курсӣ,
Шаш чиз ба мо ато фиристӣ.
Имону амону тандурустӣ,
Илму амалу фарохдастӣ, гуфтам ман зери лаб ва даст ба дуо бардоштам.
Дар ҳоле ки ман то кунун ба хона нарасида будам, он моҳи зебои ба тамошои замин баромада, чун арўси нозанин ҷамоли ҷаҳонорои хешро паси қуллаҳои барфпўш пинҳон кард…
Дунё дар оғўши зулмот монд, вале…
Дар осмони софу беғубори имшаба, ситораҳо ба тамошо баромаданд ва маҳз паси қуллаҳо пинҳон шудани моҳи нав сабабгори ҷилои бештари онҳо гашт.
Ба ҳама ҷилои ситораҳою рўшноии моҳи мунир нигоҳ накарда шаб шаб аст ва он чӣ ки мо қадри рўз медонем, ин ҳам ба шарофати шаб аст.
Кулли ҷиноятҳои дунё аксаран дар шаб рух медиҳанд, шаб ба онҳое хуш аст, ки роҳи рост ва равшаниро намеписанданд.
Пашша аз шабзиндадорӣ хуни мардум мехӯрад, Зинҳор аз мардуми шабзиндадор андеша кун, хонда будам дар куҷое ва нохост мавҷи андешаҳоям дар атрофи шаб ва мардуми шабзиндадор лаппиш хӯрд…
Ҳамагӣ чанд соат пеш прокурор банда ва Нўшини Азизро дар атрофи шикояти овардаи Бонози Даврон хеле сарзаниш кард.
Новобаста аз он ки ману Нӯшин фикру андеҳои хешро дар атрофи ҳодисаи дар кӯчаи Беҳзод рух дода, баҳри сарнозири қонун арзонӣ доштем, ў андешаҳои моро напазируфт.

пешина
аз 441
навбатӣ