Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои ҳалли ин муаммо ба нею нестони мўйсафед нигоҳ накарда, як даҳсомонаро ба ҷайбаш халонида, ба тарафи истгоҳ ҳаракат намудам. Нохост дар самти муқобил чашмам ба зане бархӯрд, ки ба ҳамсари Сафо як себи дукафонро мемонд. Рафту агар муносибати сарди Сафо намешуду ба болои ин ман нӯшидагӣ намебудам, аздусар роҳро убур карда, ба ҳамон тараф мегузаштам ва мепурсидам, ки ҷавонзанро дар ин нисфи шаб чӣ матлабест дар дил, вале чӣ хеле ки гуфтам, ман бо он аҳволе, ки доштам аз худам ҳам шарм доштам. Ман дидам, ки он ҷавонзан мошини сабукраверо манъ намуда нишаст. Мошин бошад, ба самти маркази шаҳр ҳаракат кард.
Ин ҳолатро ман ба ёд ҳам намеовардам, агар аз ҳодисаи ба сари Сафо омада рўзи дигараш огоҳ намешудам. Ҳангоми ба тановули нисфирўзӣ рафтан ман нозири минтақавӣ Абдурашиди Шарифро дида, аз ў дар бораи ҳодисаи рухдода пурсон шудам. Чун, Абдурашид фаҳмид, ки ман бо Сафо Боқӣ шиноси наздикам дар навбати хеш ба баъзе суолҳои хеш посух гирифтанӣ шуд. Ман ҳам ҳамон ҳодисаи дишабаро дар рў ба рўи тарабхонаи «Ором» ба ёд овардам,- ба суханаш нуқта гузошта гуфт Хусрави Раҳим.

  • Оё гуфта наметавонед, ки он зане, ки шумо дар рў ба рўи тарабхонаи «Ором» дидед, дар тан чӣ либосе дошт?
  • Дар танаш борони чармини сиёҳ дошт, дар сараш бошад рӯймол, дар пояш …
  • Дар пояш чӣ?
  • Ана ҳаминаш он қадар дар ёдам нест.
    -Шояд дар танаш ҳам дигар намуди либос дошт?
  • Не, ман он қадар масте набудам, ки ҳамаро аз ёд бароварда бошам.
  • Яъне, аниқ дар ёдатон ҳаст, ки дар тани он зан боронии чармини сиёҳ буд?
  • Ҳа, борони чармини сиёҳи дароз, дар сараш ҳам рўймоли ба борониаш ҳамранг, вале дар пояш, ба ростӣ дар пояш чӣ намуд пойафзол дошт, ба ёд оварда наметавонам. Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки банда ба рўи он зан аҳамияти бештаре додам. Охир ман мехостам донам, ки дар ҳақиқат он зан келини устодам Боқии Низом аст ё дигар кас, вале мутаассифона ман инашро ҳам нафаҳмидам.
пешина
аз 441
навбатӣ