Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Назар ба ду-се рўзи пештар ҳаво ба қавле муътадил буд ва ман роҳро миёнбур намуда, лаҳзае пас ба автобус нишастам…
Аз натиҷаи ташхиси биологию дактилоскопӣ банда субҳи рўзи сешанбе огоҳӣ ёфтам.
Ташхисгар-биолог дар хулосаи хеш оварда буд, ки “заррачаҳои хурди пӯст, мўй ва қатраи моеъи сахтшудаи ба хун монанд, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса субҳи рўзи
28 ноябр аз кӯчаи Беҳзод 17, ҳуҷраи 54 чун далели шайъӣ аз ҳайкалчаи Суқрот гирифта шуда буд, ҳангоми муқоиса бо пӯст, мўй ва хуни маҳрум Сафо Боқӣ аз рўи хусусиятҳои индивидуалишон баробаранд”…
Натиҷаи ташхиси дактилоскопии ҳам хеле назаррас буд. Ба ақидаи ташхисгар дар ҳайкалчаи Суқрот нақши ангуштони се нафар ёфт карда гирифта шуда буд, ки дар муқоиса яке аз он нақшҳо ба худи маҳрум Сафо Боқӣ, дигараш ба нақши ангуштони ҳамсари бевамондаи ў Бонози Даврон, ки барои муқоиса худи рўзи аввал дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса нақши ангуштонашро ба дактилокарта гирифта буданд ва маҳз ҳамин ҳолат ҳам боиси озудахотирии вай гашта буд, тааллуқ доштанд.
Нақши сеюм то кунун муаллақ монда буд, чунки дар бойгони ЭКО41 он нақш амсоли хешро надошт. Умуман метавонист нақши мазкур ба ҳодисаи рухдода наздик ҳам набошад, вале қонун худ ба он манфиатдор буд, ки ҳомиёнаш соҳиби ангуштон ё худ шахси сеюмро дар аъроф намонанд.
Аз натиҷаи ташхиси дактилоскопӣ бармеомад, ки ба ҷуз зану шавҳар дар он манзил нафари сеюме ҳам будааст. Аз нишондоди ҳамсояи дасти чапи эшон – Ҳанифаи Бузургмеҳр бармеомад, ки ба ҷуз зану шавҳар дигар касеро надидааст, ки пой бар остонаи он хона гузошта бошад.
Акнун нақши шахси сеюм, ки шояд борҳо пойи бар он остона гузошта буд, чун хас рўи об намоён гашт ва баҳри инкори ин ақида моро дигар далеле дар даст набуд. Далели муҷаҳҳази шахси сеюм ба муқобили тафтишот ин нақши ангуштони дар ҳайкалчаи Суқрот гузоштааш буд. Мо метавонистем нақши сеюмро ба собиқ соҳибхона арзёбӣ
ЭКО – шуъбаи ташхиси криминалистикӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор