Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Аз болои дастаи ҳакамон ба сарназоратчии қонун шикоят бурдани Бонози Давронро ҳам шояд сабаб он буд, ки ў аз рўшан шудани тарафи ноаёни моҳ метарсид…
Аз нуқтаи назари мантиқ номзад ба мақоми иштирокчии финалии «бозиҳои олимпӣ» Бонози Даврон роҳҳои мудофиаро ҳангоми набард дар ин бозии тақдир мавриди таҳлил қарор дода, аз рўи ҳолатҳои ба амал омада чун ҳар як сарлашкари матину диловар ҳуҷумро воситаи асосӣ мудофиа пазируфта буд.
Аз ҳамин нуқтаи назар ў ба нақшаи кори хеш тағйироту иловаҳо дохил намуда, баҳри аз муҳосира баромадан «шабохун» -ро стратегияи асосии ҳуҷуми хеш қарор дода, аз болои ҳакамон пеш аз оғози бозӣ ба прокуратура шикоят бурд.
«Дузди зӯр соҳиби говро бастааст», - гуфтани мардум ҳам шояд аз ҳамин лиҳоз тарҳрезӣ шуда бошад.
- Дузди зӯр…
Дар ҳодисаи мазкур калимаи “дузд” дар маънии умуми омада, аз ҷиҳати ақлонӣ агар ба гузаштаи таърих нигоҳ намоем, он қадар ҳолатҳоеро ба ёд хоҳем овард, ки ҷинояткор дар озодӣ гаштаву, бегоноҳе паси панҷараи маҳбас нишаста.
«Ва дар чунин ҳолатҳо, кӣ гунаҳкор аст?» - садо омад аз қалбам.
Муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифтам, вале …
Он садо боз такрор шуд.
Лаб ба сухан кушоданӣ будам, вале садои қалби хеш шунидам, ки мегуфт: «Дар суханронӣ эҳтиёт шав, охир ту нони милиса хурдаӣ. - Инкор намекунам, ки нони милиса хӯрдаам, вале ростиро завол нест ва ман наметавонам аз ҳақиқат чашм пӯшам ё онро нодида гирам. «Афлотун дўсти ман аст, вале қимати ҳақиқат аз он дӯстӣ болост». Омилҳое, ки бегуноҳеро паси панҷара бурдааст, инҳоянд: ноҷавонмардии шоҳиде, ки сафедро сиёҳ гуфта ва баръакс, паст будани дониши муфаттише, ки сиёҳро аз сафед (мўйро аз хамир) ҷудо карда натавонистааст, бемасъулиятии прокуроре, ки хатогиҳои парвандаи ҷиноиро надида, фикри айбдориро тасдиқ намудааст»,- гуфтам ман…
Занги телефон садо доду аз байни андешаҳо берун шуда, гӯшакро бардоштам. - Рафиқ капитан, ба назди шумо Хушнуди Замир омадааст,
- хабар дод ёрдамчии навбатдор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор