Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ў аниқ нагуфт, вале барои фаҳмидани матлабаш Архимед будан ҳам лозим набуд.
Хусрави Раҳим кӯрнамак гуфта, ҳамин Хушнуди Замирро дар назар дошт ва акнун ҳамон шахс, ба ошёнаи дуюм мебаромад.
Дар асоси ҳидояти Бонози Даврон «шумо беҳтар аст, ки ба офис равед ва бо ёрдамчии Сафо – Хушнуди Замир суҳбат намоед. Ба фикрам, Сафо аз ҳама бештар ба ҳамин рафиқи давраи ҷавониаши эътиқод дошт… Ба офис, ки дар шафати стадиони «Спартак» воқеъ гардида рафтам, вале дӯсти давраи ҷавонии Сафо Боқиро наёфта, баҳраш даъватномее гузошта омадам…
Касе ба дар ангушт зад ва банда овоз рушан намуда, баҳри даромаданаш рухсат додам.

  • Мумкин, - баробари кушодани дар пурсид ҳамон шиноси дирўзаи ман.
  • Марҳамат дароед.
    Ҳарчанд тайи солҳои дар милиса кору фаъолият намудан ман ҳамеша ба истиқболи шахси омада аз ҷой бармехазам, вале…
    Ин дафъа ҳамин таомули чандинсолаамро шикастам ва бо ишораи даст курсиеро барои нишасти мусоҳиби навам, ки шояд нияти бо ман салом кардан дошт, нишон додам.
    Эҳтимол ў чунинашро интизор набуд ва аз чунин муносибати сард ҳатто худро каме гум намуда, даст ба ҷайб бурд ва даъватномаро ба дасташ гирифта, бори дигар ба он зеҳн монд ва шояд онро хато пиндошт, ки пурсид:
  • Ҷеғ зада будед?
  • Ҳа, гуфтам, ман коғазҳоро баҳри пурсиш омода намуда истода…

Баъди рафтани Хушнуди Замир ман боз муддате сари мизи корӣ дар иҳотаи андешаҳои бесару нӯг мондам.
Чун бандаро далеле дар даст набуд, мо танҳо сари муносибати мусоҳибам ва дўсти ў суҳбат намудем.

пешина
аз 441
навбатӣ