Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба замми ҳамаи ин худи Хушнуд Замир ҳангоми вохўрӣ бо ман иқрор шуд, ки ҳамагӣ ду рўз пеш аз он ҳодиса ҳамроҳи дӯсташ Сафо Боқӣ дар хонаи кӯчаи Беҳзод будааст.
Чун ҳамон рўз баҳси мо қариб ду соат давом кард ва тайи ин муддат ба ҷуз банда боз мусоҳибам ҳам аз ман хоҳиш намуд, ки барояш об диҳам, баъди рафтанаш он чумчаи ба даст гирифтаашро ба лейтенанти калон Самадов, ки дар ШКД ташхисгар-криминалист шуда кор мекунад, пешкаш намудам ва Самадов нақши ангуштони дар он чумча мондаро ба дактилокарта гирифта, ба ЭКО фиристода буд.
Албатта, ин назарияи аввалину охирини мо набуд ва дар дигар самтҳо, ки аслан мо назарияҳоро аз рўи фаъолияти кори Сафо Боқӣ тарҳрезӣ намуда будем, корҳои ҷустуҷўӣ идома доштанд, вале …
Тайи як ҳафта як чиз моро ором намегузошт, ин ҳам вориди хона шудану накашидани пойафзол ва боронӣ аз тарафи соҳибхона. Маҳз субҳи рўзи 28 ноябр Сафо Боқиро бо либос ва пойафзолаш дар пушти бинои кӯчаи Беҳзод 17 ёфта буданд.
Ҳамин ҳолат мақоми занро дар ҳодисаи рухдода обу ранги хосае дод, ки ҳангоми муоина ҷилои он аз чанд кунҷ баръало ба чашм мерасид.
Дар тафаккури кунунии банда ҳодиса аслан чунин ранг гирифта буд.
Сафо Боқӣ аз куҷое дар бораи хиёнати ҳамсар ва дўсташ огоҳӣ ёфта буд. Аслан ба пиндори ман сарчашмаи ин хабар шогирди падар ва устоди худаш Хусрави Раҳим ҳам шуда метавонист, ҳарчанд манбаи дигари хабарро ҳам инкор кардан намешуд. Хусрав Раҳим ҳамон муҳосиб ё худ марди сӯзанхӯрда худ дар суҳбат бо ман иқрор шуд, ки боре писари устодашро дар ин бора ба таври равшан ҳам набошад, огоҳ намуда будааст.
«Дӯстӣ ҳам ҳадду канор дорад ва дўст ҳам дар кору зиндагӣ бояд ҳадди хешро нигоҳ дорад», - ба ёд овардам ман суханони ҳамагӣ чор шабонарўз пеш гуфтаи сармуҳосибро.
Ҳарчанд ҳамин суханони устод боиси малоли хотири Сафо Боқӣ гардида будааст, вале мо гуфта наметавонистем, ки чашми ўро ба атрофиён ва умуман дар нисбати дӯсташ накушода бошад. Аз эҳтимол дур набуд, ки ў тайи ин чанд моҳи охир ҳар як ҳаракати ҳамсар ва ӯсти гандумнамои ҷавфурӯшашро ба зери назорат нагирифта бошад.

пешина
аз 441
навбатӣ