Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Мисли гурбаи сиёҳи аз пеши роҳ баромада …
Гурбаи наҳс.
-Чӣ бояд кард?
-Боз ақибнишини?
-На.
-Чаро?
-Рафту ба чунин амал дубора даст занем, мо дар ҳалқа мемонем, ки ин ба шикасти мо ва ғалабаи он ё онҳое, ки дар марги Сафо Боқӣ даст доранд, анҷом мепазирад.
-Ҳоло ҳам ба шикасти хеш боварӣ надоред?
-Не.
-Шумо аллакай дар муҳосираед.
-Медонам.
-Пас чӣ лозим кӯшишҳои беҳуда?
-Мо ғалаба мекунем.
-Ҷӯйборро напарида уҳ нагўед.
- Ба оянда мо ба чашми нек менигарем.
- Онҳо ҳам.
- Киро дар назар доред?
- Рақибонатонро.
- Дузд ҳам Худо мегўяду соҳиби гов ҳам, ҳамин хел?
- Ҳамин хел. Аслан оне, ки ба ҷиноят даст мезанад, гумон дорад, ки асрораш ниҳон мемонад.
- Андешаҳои ботил.
- Далел?
- Таърих то кунун ҳодисаеро, ки шар аз болои хайр ғолиб омада бошад, дар ёд надорад.
- Чунин ҳодисаҳо лаки андар лаканд, вале таърихшиносон онҳоро нодида мегузаранд.
- Сабаб?
- Андеша намо!
- Андешаи чи?
- Рафту агар таърихшиносон ба тавсифу таърифи шар дасту остин барзананд.
- Акнун фаҳмидам.
- Таърих ҳам бояд ҳидоятгари роҳи рост бошад ва ҳар кӣ чунин роҳро хуш надорад, ўро бояд мавриди танқид қарор диҳад, вагарна чӣ мешавад?
- Қиёмат мешавад.
- Бале, қиёмат мешавад, қиёмат…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор