Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Боварӣ дорӣ, ки аз боғча ба милиса занг намезананд?
- Намедонам.
- Бояд онҳоро огоҳ мекардӣ, ки бе рухсати мо ба касе даҳон накушоянд.
- Магар инро ба онҳо фаҳмонда мешавад?
- Албатта.
- Набошад, метавони худат телефон карда ба онҳо фаҳмонӣ.
- Хоҳиш мекунам телефонро ба ин ҷо биёр!
Раъно ҳарфе ба забон наоварда, аз пайи супориши шавҳар шуд ва чун телефонро паҳлуи бистари шавҳар болои курсӣ гузошт, занги телефон боз садо дод ва Хушдил Одил гўшакро бардошта худро муаррифӣ кард. - Бо писаратон Шерзод гап занед!
- Дада, дадаҷон…
- Шерзод бачаҷон худат дар куҷоӣ?
- Гўё намедонед, акнун мефаҳмед, ки мо шўхӣ намекунем,
- гўён дар тарафи дигари сим ба гуфтугў нуқта гузоштанд…
Гуд-гуди телефон оқибат Хушдил Одилро ба худ овард.
Чун гўшакро болои телефон гузошта сар бардошт, ашкҳои дар бари рухсори ҳамсараш шоридаро дид. Сипас, аз ҳамсараш хоҳиш намуд, ки вайро бо мудири боғча пайваст намояд. Раъно сухане нагуфта, ашки чашмонашро пок кард ва гўшакро аз болои телефон бардошта, чанд рақамро дар диск тоб дод. - Боғчаи бачагони рақами 5.
- Сафия Шосафаровна, ин ман…
- Ҳа, Раъноҷон, ягон хабари тоза ҳаст?
- Дадои Шерзод ба шумо чизе гуфтан мехоҳад.
- Ман гўш мекунам.
- Сафия Шосафаровна, ҳамагӣ ду дақиқа пеш ман бо худи Шерзод ва нафаре, ки ўро ба гарав гирифтааст, алоқаи телефонӣ доштам…
- Шуморо гўш мекунам.
- Онҳое Шерзодро ба гарав гирифтанд, моро огоҳ намуданд, ки дар ин бора ба ягон кас даҳон накушоем, вагарна…
- Гап занед, ман гўш карда истодаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор