Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Хуш, чӣ мефармоед?- баробари ба курсӣ нишастан пурсид Сорбони Ҳомид.
- Ба ман танҳо як қаҳва.
Чун пешхизмат омаду матлаби онҳоро шунида, аз пайи иҷрояш рафт, мудири боғча Сафияи Шосафар мақсади омаданашро баён намуд.
Дар тамоми давраи суханронии Сафияи Шосафар ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, мисли оне, ки ба даҳонаш об гирифта бошад, забон накушод ва ҳамин ҳолат таваҷҷуҳи сухангўро, ки оё ин милиса ўро гўш мекарда бошад, зиёдтар намуд ва оқибат сухани хешро ба итмом нарасонида хомўш шуд. - Чаро хомўш шудед? Гап занед, ки дар айни вақт он писарбача, ҳа Шерзоди Хушдил, ҳанўз дар дасти одамрабоён аст?
- Ба назарам, чунин намуд, ки шумо маро гўш накарда истодаед? - гуфт мудири боғча.
- Не, ман шуморо гўш карда истодаам.
- Дар назари ман бошад чунин намуд, ки ҳушу ёди шумо ба дигар ҷо банд аст.
- Ин ҳамин хел дар назари аввал.
- Шояд.
- Суханатонро давом диҳед.
Сафияи Шосафар то ба охир асрори дирўзаи хешро, ки дар дафтари хотироташ нақш баста буд, гуфта, бори дуюм пиёлаи қаҳваро, ки кайҳо хунук шуда буд, ба лаб бурда, боз як қулт нўшиду онро рўйи мизе, ки болояш бо матои оҳарии сафед пўшонида шуда буд, гузошта гуфт: - Ана, мо ба чунин як гирдобе афтидаем, ки чӣ кор карданамонро намедонем.
- Бояд аз лаҳзаи аввал ба милиса муроҷиат мекардед.
- Ба ин кор худи волидайни Шерзод монеъ шуданд, вале ин субҳ ман возеҳу равшан ба онҳо фаҳмонда додам, ки дигар хомўш буда наметавонам.
- Пас чаро рўйирост ба милиса муроҷиат накардед?
- Мегўянд, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд. Рафту аз ин кор огоҳ шуда одамрабоён қасд ба ҷони Шерзод намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор