Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Чаро?
  • Модоме ки вай барои вохўрӣ бо ман розигӣ надод…
    хайр худатон мефаҳмед.
  • Ин тавр ки бошад, дар мадди аввал банда ба гуфтугўи телефонӣ ҳам қаноат мекунам.
  • Аз ҳамин ҷо гап мезадед?
  • Агар шумо розӣ бошед.
  • Бандаро дигар роҳе нест.
  • Набошад, ана, ин телефони маро гиред ва гўед, ки шумо дигар интизор нашуда ба милиса меравед!
  • Ман худам телефон дорам.
  • Беҳтар мешуд, ки аз телефони ман гап мезадед.
  • Барои чӣ?
  • Барои он ки дар телефон мо овози шуморо сабт мекунем. Ман тариқи он метавонам роҳбариятро бовар кунонам, ки…
  • Майлаш, шумо нағзтар медонед, - гўён Сафиябону телефони ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомидро гирифта тугмачаи онро зер кард.
  • Ман гўш мекунам, - шунид Сорбони Ҳомид овози занонаеро.
  • Раънобону, ин ман.
  • Ҳа, шинохтам.
  • Аз Шерзод ягон хабар ҳаст?
  • То кунун бачаҷонам дар дасти онҳо.
  • Агар бемалол бошед гўшакро ба Хушдил Одилович медодед!
  • Хуб шудааст.
  • Ман шуморо гўш мекунам, - шунид ў овози мардонаеро.
  • Хушдил Одилович, рафту агар худи шумо дар бораи ба гарав гирифтани писарбачаатон ба милиса муроҷиат накунед, банда маҷбур мешавам, ки ин амалро ба души хеш гирам.
  • Хоҳиш мекунам, ки боз як рўз сабр намоед!
  • Хушдил Одилович, ман дирўз суханамро гуфтам. Сухан на танҳо барои мард, балки барои зан ҳам қимати хешро дорад. Хуб мешуд, ки худи шумо аз ҳамин лаҳза дер намонда ба милиса муроҷиат мекардед!
пешина
аз 527
навбатӣ