Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ана кору мана кор. Акнун ёбу гир".
- Шеф, шумо ташвиш накашед, мо ўро тарзе бурдем, ки касе хабардор нашуд.
- Ба хонаашон занг задед?
- Ҳамааш аз рўйи дастурамал сурат гирифт.
- Оё аз боғча рабудани вай ҳам мувофиқи дастурамал буд?
- Не, албатта, вале мо баҳри тезондани кор…
- Шумо андеша накардед, ки дар бораи гум шудани он писарбача аз боғча ба милиса хабар медиҳанд.
- Не.
- Ба ҷуз ҳамон як маротиба, дигар бо падари вай алоқа барқарор накардед?
- Не, аз нишондоди шумо берун баромадан натавонистем.
Шумо бошед, дастури иловагӣ надодед. - Худи ҳозир рафта он писарбачаро оварда, дар қарибиҳои хонаашон сар диҳед!
- Шеф, о ин чӣ хел мешавад?
- Аз чунин амале, ки шумо анҷом додаед, бадтар намешавад.
- Гуфтам, ки мо барои тезонидани кор, ба замми ин ду шабонарўз, ҳарчанд ба шумо занг задем бе натиҷа…
- Барои ҳамин ҳам дастурамал ҳаст ва мо ҳарду якҷоя сари он майна об намуда будем, ё гапам нодуруст. Дороб Қамар боз чизе гуфтан мехост, вале омадани пешхизматро дида, муҳри хомўшӣ ба лаб зад.
- Хуш, чӣ мефармоед?- баъди салом ва табассуми малеҳе пурсид пешхизмат.
- Ширбиринҷ. Боз қаҳва.
Чун духтар аз назди мизи онҳо дур шуд, Сайф Насим бо як қатор далелҳо амали хешро дифоъ намудан хост, вале шеф онҳоро напазируфт.
Пешхизмат ширбиринҷ овард, вале Сайф Насим маъзарат хоста, аз ҷой бархест, ҳарчанд дилаш тановул кардан мехост, вале нахост, ки дар рў ба рўйи он нигоҳи сарди командир бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор