Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ҳуҷҷатҳоро дар бораи ба зери назорат гирифтани телефонҳои шахсоне, ки иштирокчии амалиётанд, тайёр намуда, барои тасдиқ ба назди Асад Ғаниевич биёред!
- Хуб шудааст, - гўён Тоҳир Дадобоев аз пайи иҷрои супориши сардор рафт.
- Дар бораи бехатарии Хушдил Одил ва аҳли оилааш ягон чора андешидаед?
- Метавонед осуда бошед.
- Баъди муайян намудани шахсияти Дороб Қамар ва Сайф яку якбора нияти ба ҳуҷум гузаштан доред ё…?
- Барои ҳамин ҳам розигии шуморо барои ба зери назорат гирифтани телефон ва дигар намудҳои алоқа гирифтанием.
- Гумон доред, ки Дороб Қамарро боз сарваре ҳаст?
- Намедонам, вале санҷиш зарар надорад.
- Ба сабурии шумо рашкам меояд.
- Моро ба ҷуз сабр дигар чорае нест. Рафту ба шитобкорӣ роҳ диҳем, эҳтимол объекти пешниҳодоти шумо гардем.
- Бачаи боба ҳам як рўз ба ман дар пеши дари прокуратура чунин гуфт.
- Аминам, ки аз вай хафа нашудаед?
- Не, албатта. Ҳар он чи ки вай гуфт, аз дили соф ва беғаразона гуфт.
- Чунин нафарон умуман ангуштшуморанд. Онҳо ҳатто андешаи анҷоми суханашонро, ки чун алиф рост ва нишонрас аст, намекунанд, зеро на аз касе тарс доранд ва на тамаъ.
- Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон. Исто, ки ин бачаи бобаро ёд карда, ҳатто боре ҳам сари марги Мустафо Наим андеша накардам. Ба ақидаи шумо ягон пешравие дар кор ҳаст?
-Дирўз мо аз рўйи нишондоди Озодаи Шафоат фотороботи ҳамон занеро тартиб додаем, ки чанд бор ҳамроҳи ронандаи таксӣ будааст. - Гумон доред, ки он фоторобот ягон натиҷа медиҳад?
- Мо ҳамеша ба оянда бо назари нек менигарем, нияти нек бошад, ними давлат аст.
- Дар бораи он дипломати гумшуда чӣ андеша доред?
- Гумон мекунам, ки онро кадом роҳгузаре то омадани милиса ёфта гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор