Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Яъне, ки шумо ба ў мадад кардан хостед?
- Мадад не....
- Чаро суханатонро буридед?
- Хушдил Одил тариқи телефон гуфт, ки ҳар қадар кӯшид Фарҳодро аз роҳаш гардонда натавонист. Банда низ ҳамаи инро дар тарозуи ақл на як бору ду бор санҷидам.
Фаҳмидам, ки Фарҳод ҳам аз Сайфу Ҳусейн монданӣ надорад. Ў низ ба пиндори банда "пистаи бемағз" - ро мемонд. Ниҳоят ба хулосае омадам, ки агар Фарҳод ба милиса равад, Худо медонад оқибати амали ў чӣ мешавад?
Мардуми оқил беҳуда нагуфтаанд, ки "пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад...". - Атрофиёнатон ҳама манқурту пистаи бемағз ва мо донистан мехостем, ки чӣ тавр чунин як "фариштае" тайи ин солҳо бо онҳо ҳамнишин будааст?
- Киноя нагўед, рафиқ прокурор. Барои ман фарқе надорад ин киноягўиҳои шумо, вале бовар кунед, ҳарчанд банда фаришта ҳам набудам, мақому манзалати хешро то имрўз медонистам.
- Кўзапуштро танҳо хоки гўр рост мекунад..."
Бо ҳамин садои Асад Ғанӣ лента тамом шуд ва диктофон ба таври автоматӣ хомўш гардид.
Рўз шуд... - Шояд ба мо рухсат диҳед, - хомўширо шикаста гуфт Ҳамид Ҷовид.
- Омадан бо иродату рафтан бо иҷозат.
- Аз шаб то кунун чӣ дидем, ки акнун мунтазир шавем.
- Ҳамааш айби ҳамин Фирдавси Ҳаким, ҳамон коняки панҷситорадор ба зиммаи ман.
- Қабул, вале моро рафтанамон лозим.
- Шояд як пиёла чой?
- Ташаккур, - гўён Ҳамид Ҷовид аз ҷой бархест.
Сорбони Ҳомид ҳам ўро пайравӣ кард. - Шумо ҳам меравед, дарвозӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор