Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ў ба куҷо равон аст?
- Эҳтимол ба хонааш
- Аниқ намоед, ки ҳамин лаҳзаҳо ў дар куҷост!
- Ҳозир, - гўён навбатдор, аз пайи супориши сардор рафт.
Ҳамид Ҷовид сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев ва капитани милиса Сорбони Ҳомидро барои маслиҳат ба наздаш хонд.
Ҳанўз Тоҳир Додобоев ва Сорбони Ҳомид қироати номаи аз Файзбор омадаро ба анҷом нарасонида буданд, ки навбатдор ҳам вориди дафтари кории сардор гашта хабар дод, ки объект дар рў ба рўйи “Қасри чавонон” аз таксӣ фаромад. - Ў рўзноманигори суратгирро кофта гаштааст, - гуфт Ҳамид Ҷовид.
- Чӣ, аллакай, расмаш дар рӯзнома чоп шудааст? - пурсид сардори бахш.
- Ба фикрам, дишаб ў андеша намудааст, - гуфт Ҳамид Ҷовид ва ба тарафи навбатдор гашта супориш дод, ки лейтенанти калон Абдурашиди Шарифро ба тарафи таъҷилӣ ба Маркази ҷавонон фиристад.
- Ташвиш накашед, - гуфт Сорбони Ҳомид.
- Чӣ хел?
-Абдурашиди Шариф аз сари субҳ дар редаксияи рўзномаи "Ҷавонон" омадани муаллимаро интизор аст. - Кӣ он касро ба он ҷо фиристод?
- Вай худаш ба он ҷо рафт. Аз ҳамон ҷо тариқи телефони мобилӣ бо банда алоқа намуда, фикру андешаи хешро баён намуд. Ба ростӣ, ман ҳам инро интизор набудам ва ба ў гуфтам, ки аз андешарониаш қаноатмандам. Акнун мебинам, ки Абдурашиди Шариф беҳуда ин касбро интихоб накардааст.
- Кор дар милиса ҳам осон нест. Милиса ҳам бояд чун шатранҷбози хуб як ё ду қадами ҳарифашро пешакӣ муайян созад. Модоме ки Абдурашиди Шариф мақсади Ёсумани Мансурро пай бурдааст, пас ў дар кори хеш шатранҷбози моҳир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор