Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҷаб нест онро дубора чоп накунанд.

  • Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл? - нимшунаво гуфт муаллима.
  • Шумо дар хаёли он ки чӣ тавр расматонро баргардонида гиред, фалак бошад, дар хаёли он ки чӣ тавр чунин як чеҳраи зеборо ба мадди назари мардум барорад.
  • Шўхӣ мекунед?
  • Не, вале агар расми шумо рўйи чоп ояд, банда ҳам ғолиби озмун хоҳам шуд. Гарди нигоҳи зебои шумо ба рўйи мо ҳам хоҳад расид. Шуморо намедонам, вале агар сармуҳаррир расми шуморо баргардонад, ба фикрам, ба хонандагон хиёнат хоҳад кард.
  • О, чун ман барин духтарон дар шаҳр лаки дар лаканд.
    -Афсӯс ки офтоб зебогии хешро намебинад.
    -Наход ман чунин зебо бошам? - аз таърифи рўзноманигор каме ҳам болидаруҳ гашта гуфт Ёсуман.
  • Шуморо на танҳо зоҳир, балки ботинатон ҳам зебост.
  • Шумо ботини бандаро аз куҷо медонед?
  • Илми кимиё бузург аст ва на ҳар кас қобилияти фаҳмиши чунин илмро дорад. Модоме ки шумо бо худи кимиё даст ба гиребон шудаед, пас ботинатон ҳам зебост.
    Ин суханони мусоҳибаш қалби Ёсуманро шикофтанд, вале ў худро ба даст гирифта гуфт:
  • Ба ман кумак намоед. Ба ростӣ, ман намехоҳам, ки расмам чоп шавад.
  • Ман зид нестам, вале шумо бояд худатон бо сармуҳаррир гуфтугў намоед.
  • Кай?
  • Ҳоло шумо ба хона равед. Чун сармуҳаррир биёяд, ба шумо занг мезанам.
  • Ман ба куҷо биёям?
  • Ба редаксия, рост ба дафтари кории сармуҳаррир, ман низ лаҳзае пеш аз омадани шумо ба он ҷо медароям. Истед, ки шумо сармуҳаррири моро мешиносед?
  • Не.
пешина
аз 527
навбатӣ