Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Чун то охири рўзи корӣ ним соат вақт буд, сармуҳаррир ба котиби масъул супориш дод, ки бе фикри бачаҳо набошад...
Аз дафтари кории сармуҳаррир Абдурашиди Шариф ба Ёсуман занг зад...
- Мумкин-мӣ?
- Марҳамат дароед!
Ёсуман вориди дафтари кории "сармуҳаррир" шуда, лаҳзае бо нигоҳи хеш нигоҳи "рўзноманигори суратгир" - ро, ки дар курсие машғули хондани рўзномае буд, дарёфт ва ба хулосае омад, ки танҳо бо қувваю қобилияти хеш метавонад он расми дирўзаро ба даст биёрад. - Марҳамат гузашта шинед, - курсиеро нишон дод "сармуҳаррир".
Духтар ба курсии нишондода қариб ки амонат нишаста, сар ба зер афканд. - Хуш хизмат, шояд баҳри рўзнома ягон хабару мақола овардагистед? Истед, ки шумо аз факултаи рўзноманигорӣ?
- пурсид сармуҳаррир.
- Не, ман муаллима, муаллимаи фанни химия.
- Бисёр хуб. Дар соҳаи кимиё ҳам мо кўшиш мекунем хабару мақолаҳои ҷолибро чоп намоем. Ҳа, дарвоқеъ дирўз рўзноманигори мо аз мактабе расми муаллимаеро оварданд, - гўён Сорбони Ҳомид айнакашро рўйи миз гузошта ба тарафи духтар дурусттар зеҳн монда гуфт:
-О, ин кас ҳамон муаллимае, ки дирўз шумо расмашро оварда будед, нест? - Ҳамон кас, - бори аввал сухани "сармуҳаррир" - ро тасдиқ намуда гуфт "рўзноманигори суратгир".
- Хуш омаданд, хуш омаданд, - гуфт "сармуҳаррир".
Ман сари субҳ фикру ақидаамро ба домулло (ў рўзноманигорро нишон дод) гуфта додам. Ба фикрам, расми шумо на танҳо худатонро. балки рўзноманигори моро низ маъруфу машҳур хоҳад кард. Пас фардо худатонро дар саҳифаи аввали рўзномаи мо хоҳед дид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор