Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

фирорӣ дар он ҷўйи хурд баҳри хеш сарпаноҳе ҷуст ва дар он руд нағунҷид, берун баромад.
Мардумони соҳил, ки то он вақт орому осуда зиндагӣ доштанд, хатари калонеро ҳис карданд ва фаҳмиданд, ки дар алоҳидагӣ қароре анҷом додан мушкил аст, ҳаққу ҳамсояро ба ёрӣ даъват намуданд. Мавҷи аз соҳил бурун омада, бо талошу дастгирии нафарони дар соҳил иқома маҷрои хеш баргашт.
«Ҷомаи бо маслиҳат кўтоҳ намеояд» - ба ёд овард суханони гузаштагони хешро Бобо Самад ва гўшаки телефонро бардошта, рақами 02-ро гирифт.
–Навбатдор лейтенанти калони милиса Фозилов гўш мекунад,– шунид ў овози ҷаззоберо.
Самадов матлаби хеш ба навбатдор бигуфт ва гўшакро ба ҷояш гузошт.
Соате пас ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, майори милиса Абдумаҷидов рухсат пурсида, вориди утоқи ў гашт.
Муфаттиш ба истиқболи Абдумаҷидов аз ҷойи бархеста, баъди салому алек курсиеро ба меҳмон нишон дода, дар рў ба рўяш нишаст.
– Камнамо шуда рафтед? Ба фикрам арвоҳи хонум Раънои Носир аз мо доманагир шудагӣ, - нимҷиддию нимшўхӣ гуфт Бобо Самад.
– Чаро арвоҳаш аз мо доманагир мешудааст? Ё мо бо ў тавсияи худкуширо дода будем?
– Ба гумонам, мо ҳамон рўзи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар куҷое ба хато роҳ додаем.
– Чӣ хел хато?
– Хатои ҷиддӣ!
– Далел?
Бобо Самад сухане нагуфта, аз болои мизи кориаш коғазҳои парумондаро гирифта, ба дасти мусоҳибаш дод.
Дар ҳоле ки Абдумаҷидов чашм аз матни коғазҳо намеканд, муфаттиш дар гирдоби андешаҳо сари ин муаммо ғӯтта мезад.
Ҳафтаи охир ў борҳо дар атрофии зиндагиномаи Раънои Носир давр зад, аммо гиреҳе аз ин муаммо пайдо накард.
Шояд пайдо ҳам мекард, агар аз лаҳзаи аввали ба ҷойи ҳодиса рафтан аз домани як назария дошта намеистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор