Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ёров чӣ?
– Кадом Ёров?
– Раҷаб Ёров, ҳамоне ки як вақтҳо сардори ШКД – и ҳамин ноҳия будааст.
– Вай ҳам инсони бад набуд.
– Бад набуд, вале ба ҷиноят даст зад.
– Чӣ хел ҷиноят?
– Дирўз кормандони прокуратура ўро ҳангоми гирифтани пора дастгир намудаанд.
– Бовар намекунам.
– Ихтиёратон.
– Шояд иштибоҳ шуда бошад, охир вай судя шуда кор мекард.
– Гумон дорӣ, ки судяҳо нафс надоранд?
– Раҷаб Ёров марди эҳтиёткор буд, ба ў чӣ шуда бошад?
– Ҳеҷ гап нашудааст, замоне мор буд ва нафси қозгираш ўро ба аждаҳо мубаддал кард ва оқибат ҳангоми гирифтани сад доллар ба даст афтид.
Аз чӣ бошад, ки мавҷи хаёлоти ў ба дуриҳо парвоз кард.
Раҷаб Ёров ҳангоми дар вазифаи сардори милисаи ноҳияи Гулистон кор карданаш коллективи милисаро ба чанд гурўҳ тақсим кард. Аслан ҳама порадеҳу хушомадгўён дўстони ҷонии ў буданд. Шояд нафси хешро дар милиса қонеъ карда натавонисту ҷойи равғанинтареро ҷуст. Дузд дуздро дар шаби тор мешиносад мегўянд. Шояд кадом дузди дигаре сабаб шуду мўйсафедро бо як такон ба ҷойи равғанин бурд, то дар сояи давлаташ савлат ронад. Охир суд ин милиса нест, ки кўшиши пинҳон намудани ҷиноятро кунад, чӣ хеле ки замоне марги Ковалёваро1 худкушӣ арзёбӣ карданӣ шуд ва бандаро низ ба ин кор қариб тела додан хост. Суд ин нуқтаи охирини тафтишот аст ва модоме барои сад доллар шуда, ў виҷдони хеш фурӯхтааст, вой бар ҳоли онҳое, ки тақдирашонро чунин фард ҳал кардааст. Кўза на ҳамеша аз лаби чашма беосеб бармегардад ва ана оқибаташ.
– Чаро ба фикр фурў рафтед?
– Раҷаб Ёровичро ба хотир овардам.
– Биё мон ўро, хас каму ҷаҳон пок.
1 Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ “Пораи қанд”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор