Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

худи Воҳид Камол пурсад, вале сардор ҷилави суханро ба даст гирифта гуфт:
– Ним соат пеш прокурори ноҳия Замиров занг зада, оид ба паст будани фоизи кушодашавии ҷиноятҳои вазнин изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла хабар дод: ҷавонзане, ки то имрўз мо ўро ба худкушӣ айбдор намудани будем, аз дасти кадом нохалафе ба ҳалокат расидааст. Ним соат ман шумову Наврўз Умаровичро кофтам, вале касе намедонад, шумо дар куҷоед?
О, ба ягон ҷо рафтед, ақаллан гап зада равед!
– Навбатдор дар бораи ба назди муфаттиши прокуратура рафтани маро медонист - ку.
– Пас аз рафтани шумо лейтенанти калони милиса Фозиловро низ ба сифати шоҳид ба мурофиаи судӣ даъват намуда буданд ва то баргашта омаданаш ман нафаҳмидам, ки шуморо чӣ тавр пайдо намоям. Хуш, канӣ ба мо фаҳмонда диҳед, рафиқ майор, ки чаро дар рафти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса шумо ба чунин хатои ҷиддӣ роҳ додаед?
– Як қатор омилҳои объективие буданд, ки гурўҳи фаврӣ
– тафтишотӣ ба иштибоҳ роҳ дод.
– Хуш, кадом омилҳоро дар назар доред?
– Пеш аз ҳама маҳкам будани дар аз дохили хона.
– Магар ҳамин ҳолат барои хулосабарорӣ басанда буд?
– Натиҷаи ташхиси тиббӣ - судӣ нигоҳи м рафти ҳодисаи мазкур дигар кард, вале ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса мо чунин ҳолатро ҳа гушаи хотир наоварда, ба хатои ҷиддӣ роҳ додаем.
– Ба фикри шумо қотил аз он мавзеъ чӣ тавр берун рафтааст?
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам.
– Оё қотил метавонист, ки ба ошёнаи боло ва ё поён фарояд?
– Бале, аз балкон.
– Пас чаро ҳамин ҳолатро дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ба инобат нагирифтед?
– Ман аллакай ҳамаашро гуфта додам, ки чӣ тавр мо ба иштибоҳ роҳ додем. Баҳри дифои хеш бошад, дигар ягон далеле надорам.
«Аҷибаш ин, ки Акбар Ҳакимович чун баъзеҳо ҳатто барои ҳимояи хеш кўшише ба харҷ намедиҳад. Дигар кас дар

пешина
аз 513
навбатӣ