Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Инро ба милиса мегўӣ.
– Ман фаҳмидан мехоҳам, ки оё ў зинда мемонад?
– Кори ғайбро ба ҷуз Худо кӣ медонад? – бо лаҳни ширини тоҷикӣ гуфт Иванов ва боз илова намуд, ки мо ҳам ба зинда мондани ў умед мебандем.
– Духтурҷон, намегўед, ки ўро чӣ ному насабест?
– Мо ҳам намедонем. Фақат як чизро бояд ба шумо гўям, ки соате пештар, баъди ба ҳуш омаданаш номи Раъноро ба забон овардааст.
– Шояд ин номи модараш ё занаш бошад?
– Ба фикрам, дуюмаш. Ё шумо мардум модарро бо номаш ҷеғ мезанед? - гуфт Иванов ва ба тарафи муқобил рафта, лаҳзае пас вориди ҳуҷрае гашт.
– Марди аҷиб будааст, ин духтур.
– Роберт Иванов ҷони одам аст. Ў ба забони шевои тоҷикӣ чунон ҳарф мезанад, ки мо худамон баъзан шарм медорем, – иқрор шуд холаи дарбон.
– Инсони наҷиб будааст.
– Бисёр ҳам марди шариф аст. Хоксориашро намегўед.
Ҳа, дарвоқеъ, бародараш аввалин лётчики вертолётҳо дар Тоҷикистон будааст. Ҳарчанд худаш ҳам гап назанад, вале мо ҳамкорон дафтари рўзгори Роберт Ивановичро варақгардон намудем. Ҳамсараш Людмила ҳам духтур. Духтури рентгенолог, дар табобатгоҳи дандонпизишкӣ дар пеши «Олами кўдакон» - и пештара. Мегўянд ҳамсараш ҳам ҷудо зани ҳалиму меҳрубон.
Ронанда чун дид, ки пеши даҳони холаи дарбон нав тафс гирифтааст, бо ў худоҳофизӣ намуд.
– Ман боз шаб меоям, - гуфт ў.
– Ба аёдати бемор омадан савоб аст, - бархилофи сухани аввалааш, ки “беморхона ин бозор нест” гуфта буд, ба гўши он мард расонд холаи дарбон. “Ман ронанда, ман ронанда,” - суханони мусоҳибашро зери лаб такрор намуд холаи дарбон ва яку якбора қиёфааш ҷиддӣ шуд. Ҳамаи ронандаҳо ҳамин хел, чун соҳиби мошини шахсӣ шуданд, шаҳодатномаи ронандагиро мехаранд.
– Ин хел нагўед, холаҷон, – эътироз намуд ҷавоне, ки ба аёдати падараш омада буд.
– Худат ҳам, албатта, мошини шахсӣ дорӣ?

пешина
аз 513
навбатӣ