Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў давоми сухани муфаттишро ҳатто нашунид. Дунёи равшан дар назараш чун шаби тор намуд. «Пас маълум мешавад, ки як соат инҳо танҳо муносибати ману Назирро баҳри он муайян намудаанд, ки ман дар рафти тафтишот шиносоии хешро бо ў инкор накунам. Ҳамааш бо гуноҳи худам шуд. Чаро ман ба Раъно он ду панҷоҳсомониро додам?
Чӣ хел инҳо ба чунин хулоса омаданд? Охир дар он шаби тор моро ягон кас надид. Худоё, мани мушти парро дар паноҳат нигоҳ дор! Охир агар маро ба маҳкама кашанд, ҳоли Хайём чӣ мешавад»?
– Марҳамат, ба ин ҷо имзо гузоред, - дуюмбора гуфтани муфаттиш ҷавонзанро аз байни андешаҳо берун овард ва ў қаламро беихтиёр ба даст гирифта, дар ҷойҳои нишондодаи муфаттиш имзо гузошт.
Бархилофи Назир Назар ў дар кадом вазъ қарор доштанашро дурусттар дарк намуд, ки ҳимоячӣ талаб кард.
Маҳз ҳамин ҳолат тафтишотро водор сохт, ки суҳбати расмиро то соати 15.00 маъқуф гузоранд. Обидаи Баҳром шояд гумон дошт, ки ўро то омадани ҳимоячӣ ҷавоб медиҳанд, вале ҳамааш баръакс шуд. Муфаттиш протоколи боздошти муваққатии ўро имзо гузошт ва тоҷирзанро ба ҳуҷраи ҳабси муваққатӣ бурданд.
Чун дари вазнини оҳанин аз қафояш пўшида шуд, ў ба рӯшноии чароғи барқӣ аз пушти дар вориди он ҳуҷраи хурди бетони гашта назар афканда, худро дар қафас дид. Дар қафас чун кабк.
Замоне, ки ў хурд буд, дар хонаи падараш чанд кабк дар қафас буданд. Обида бар он ақида буд, ки аҳволи кабкҳои дар қафас буда аз аҳволи кабкҳои дар кўҳу дашт, дар гармою сармо зиндагӣ мекардагӣ беҳтар аст ва ҳоло дар як мижа задан ў дарёфт, ки кабкҳои дар қафас будаи хонаи падараш дар кадом аҳвол будаанд.
Ў лаҳзае пушти дар рост истода, ниҳоят чанд қадам пештар гузошта, ба курсие, ки пояҳояш ба фарш маҳкам карда шуда буданд, нишаст. Не, вазъи ҳозираи ў аз кабкҳои хонаи падар ҳам бадтар буд. Новобаста аз он ки кабкҳо дар қафас буданд, ҳамаи аҳли оила нисбат ба он ҷонварони хушовоз меҳрубон буданд. Обида низ чун бародаронаш ҳамеша ба кабкҳо обу дон медод ва онҳоро дўстдорӣ мекард.
Ин ҷо чӣ? Тааҷҷуби ў аз он афзуд, ки муфаттиш ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ хоҳиши ўро дар бораи гирифтани адвокат рад накарданд.

пешина
аз 513
навбатӣ