Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ҳафтае пеш ман ресмони даҳметраро аз бозор барои либосовезӣ харида будам, ҳоло ресмон дар хонаи Назир аст.
– Чаро дар хонаи худатон не?
– Ба ростӣ, ҳамон шаб ман бурдани ресмонро фаромўш кардам.
– Рўзи 20 сентябр Собири Файз ба хонаи шумо занг зада буд?
– Бале. Ман ҳатто он лаҳзаҳо хурсанд шудам.
– Бубинед, бо худ чӣ кардед…
– Кори шудагӣ шуд, дигар чӣ ҷойи афсўсу надомат.
– Афсўс ки мо зиндагиро дер қадр мекунем, - гуфт Абдумаҷидов.
– Ҳамааш аз рўйи рашк шуд, – худро сафедкардан хост Обидаи Баҳром.
– Ба гумон аст, – паст наомада гуфт Абдумаҷидов.
– Чӣ шумо ба рашки зан боварӣ надоред? – пурсид боздоштшуда Обидаи Баҳром.
– Мо дафтари аъмоли шуморо хеле варақ задем ва дар он ҳатто ҷумлае наёфтем, ки кадоме аз дилдодагонатон ба шумо хиёнат карда бошад, вале чунин амалро аз тарафи шумо хеле зиёд дидем.
– Пас чӣ маро маҷбур сохт, ки ба чунин як амале, ки ҳоло шумо бандаро гунаҳкор карда истодаед, даст занам?
– Танҳо нафс. Ҳирси молу пулпарстӣ шуморо маҷбур кард, ки дили мўйсафед Ёқуби Соиб ба даст оред ва чун Раънои Носир сади роҳи шумо шуд, ба тақдири илоҳӣ тан додан нахостед.
– Шояд боз ягон ҳолатеро, ки аз пурсиш берун мондаасту ба нафъи шумост баён мекардед, – гуфт муфаттиш.
– Ба фикрам, ман ҳамаашро гуфтам.
Обидаи Баҳром якҷоя бо ҳимоячӣ Ёрмуҳаммад Бутаков протоколи пурсиши гумонбаршударо хонда, ба он имзо гузоштаанд. Лаҳзае пас васиён омада, Обидаи Баҳромро ба ИВС бурданд.
Бо қарори муфаттиши прокуратура Бобо Самад хуни гумонбаршуда Назир Назар ба ташхиси биологӣ фиристода шуд. Натиҷаи ташхиси биологӣ нишон дод, ки хуни гумонбаршуда Назир Назар гурўҳи сеюм буда, аз рўйи резусаш манфист. Дар давоми се рўз дар ҷойи истиқомати Назир Назар ва Обидаи Баҳром ба мақсади дарёфт ва гирифтани нишонаҳои ҷиноят аз нав санҷиш гузаронида шуд.
Дар ҳамин муддат ба Обидаи Баҳром ва Назир Назар айб эълон карда шуд. Онҳо дар ҷиноят ҳамиштирокчӣ дониста шуданд. Қисми парвандаи ҷиноятӣ аз болои Собири Файз дар истеҳсолот ҷудо карда шуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор