Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

РОВИИ АМОНДАРА
Қадам ба чордаҳ монда будам, ки бо ў дар шаҳри Панҷакент вохўрдам. Дар як омўзишгоҳ, дар як донишгоҳ, дар як факулта бо ҳам дарс хондем. Дар шўъбаи адабию драмавии Кумитаи радио ва телевизион ҳамкор будем. Устодонамон ва дўстонамон яканд.
Беш аз панҷоҳ сол аст, ки аз аҳволи ҳамдигар бохабарем. Рўзҳои шодиву ғам бо ҳамем. Дар арафаи шастсолагиаш аз рўйи ихлос ва сидқи бародарӣ чанд байтеро манзум карда будам:
Сорбоно, корвон манзил ба манзил меравад,
Дар раҳи ҳар манзиле як пораи дил меравад.
Чун бирафт аз байни мо он Лоиқи хунинҷигар,
Зиндагӣ нуре надорад, нури маҳфил меравад.
Ғамшарику ғамгусори мо туӣ дар ин ҷаҳон,
Душман аз меҳре, ки дорӣ, пой дар гил меравад.
Гар надонистанд қадрат нотавонбинони даҳр,
Афсару навкар намонад, кулли ҷоҳил меравад.
То ту бошӣ ҳамнишину ҳамзамону ҳамсафам,
Киштии умрам зи соҳил то ба соҳил меравад.
Боз агар рўзе қазо моро рабуд бо худ, чӣ бок?
Бе ту лекин чун тавонам гуфт: маҳмил меравад?!
Сорбоно, корвон манзил ба манзил меравад,
Дар раҳи ҳар манзиле як пораи дил меравад.
Аз нахустин чопи ҳикояҳояш то тозатарин навиштаҳояш огоҳам. Аз барораш меболаму аз нобарориҳояш ғамгин мешавам. Вақте ки яке аз ҳикояҳои нахустинаш бо номи «Хокистари ишқ» соли 1966 дар рўзномаи «Маориф ва маданият» чоп шуд ва адиби номии тоҷик Ҷалол Икромӣ онро дар анҷумани Иттифоқи нависандагон, агар ба истилоҳи дар он солҳо маъмул бигўйем, ба зери тозиёнаи танқид гирифтанд ва муаллифи ҷавонро ба тарғиби ғояҳои афтодарўҳӣ, яъсу ноумедӣ муттаҳам намуданд, дар дил эътироз кардам ва онро аз рўйи инсоф надонистам. Агар ин нависандаи соҳибтаҷриба қаламкаши ҷавонро барои каммаҳоратӣ ва бетаҷрибагиаш дар кори офаринишӣ, аз ҷумла дар норавшании баён ва тасвир дар ҳикояи номбурда эрод мегирифтанд, қабул доштам, аммо он кас аз рўйи қолабҳои идеологии маъмули он замон мулоҳиза ронданд.
Он солҳо расм шуда буд, ки ҳар адиберо, ки дар наср ва ё дар назм аз худ истиқлол нишон дода, кўшиши қолабшиканӣ мекард, бо ҳамин гуна «гуноҳҳои кабира» мутаҳҳам менамуданд. Инро бисёре аз ҳамқаламону ҳамқадамони Сорбон, аз қабили зиндаёд Лоиқ, Бозор Собир, Кўҳзод, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло ва дигарон аз сар гузаронидаанд.





