Ҳакиму Ҳасан аз пули байни деҳа гузашта бо ду канори роҳ шуданд, Валӣ харҳоро бо роҳ меронд. Хеле рафтанд. Сиёҳие набуд.
Пас Ҳасан лақаби харашро гирифта, ҷеғ зад. – Беҳ-беҳ! Бучча, беҳ-беҳ-беҳ! Ҳар-ҳар-ҳар! Беҳ, Бучча, беҳ! Ҳўўў беҳ-беҳ-беҳ!
Ў ҷавобе нашунид
Онҳо ҳамон зайл то Чориф баромаданд. Ҳасан ҳоло ҳам «беҳбех» мегуфт. Вале Ҳаким фикри дигар дошт: «Чаро розӣ шудам, чаро? Агар сериву пурӣ мебуд, гапи дигар буд. Ҳоло ҳатман гумонашон аз ман. Не, ҳеҷ гоҳ ба як ҷувол гандум худро намефурўшам... Магар одамоне, ки дар бехи ҳар пояи гандум як қатра арақ резонидаанд, ба ин гап бовар мекунанд?..»
— Ҳар-ҳар-ҳар, беҳ-беҳ-беҳ!– хаёли ўро Ҳасан парешон кард:
«— Ҳоҳо ҳоой!... Ҳаким!..»
Садои бригадир ҳам омад. Дили Ҳакимро як шамоли сард расида гузашт. Овози Сафо бад расид, гўё дашном медод, таҳқир мекард. Баъд дар зери равшании моҳ қомати баланди бригадирро дид, ки болои карчи моҳ баромада фарёд мезад. Ў аз теппайи коҳ фаромада пеши харҳоро гардонд, то ба кафа дарнаафтанд.
— Ин қадар дер кардӣ?– гуфт бригадир ба Ҳаким.
— Ман чанд ҷувол гандум бурда будам? – пурсид Ҳаким
— Ҳафт ҷувол! – ҷавоб дод Сафо.
Ҳаким сар ба зер афканд. Нўги тези халачўбро ба рўи пояш зер кард.
— Чӣ шуд?– пурсид бригадир ва харҳоро шумурд: – Шаш хар овардӣ-ку?
— Хари ман гум, биргад! – арз кард Ҳасан.
— Чӣ хел? – боз пурсид бригадир.
— Ман ба Юнус «ҳафт ҷувол, қабул кун» гуфтам, вай ҷуволҳоро шумурда «шашта» гуфт. Баъд харҳоро шумурдем, хари Ҳасан намерасид. Дар роҳ бори хари бўр гашт. Каме истода, онро аз нав бор кардам. Гумон мекунам, ки ҳамон вақт...
Касе чизе нагуфт. Ҳама хомўш буданд. Бригадир ҳам ба хаёл рафт. Хеле фикр кард. Дасти сеангушта ба рўй бурда, каме молиш дод, баъд оҳиста:
— Меёбам, – гуфт.
— Не, Сафо, дигар намеёбӣ, – гуфт Ҳаким ва пас аз хеле фурсат гапашро давом дод: – Аз ман дигар хоҳиш макун. Ин кор кори ман не, беҳтараш ман ҳамроҳи мўйсафедон дос мекашам.
Агар лозим донӣ, Валиро бо ягон кас ҳамроҳ мекунам, шартнома мекашонад... Ман не...
— Девонагӣ накун, Ҳаким!
— Не, Сафо, ман аз халқ шарманда, ҳам аз Ҳасан...
— Гапро бисёр накун! Меёбам, гуфтам-ку! Ҳамту Холи нобакорро ёфтему...





