Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 105 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 105 аз 470 · 3 ноябри 2026

– тоқат наоварда кафид Бону.
— Аз гапи ту як ман не, ҳама бў гирифтанаш мумкин...
— Ту аз номи ҳама гап назан, муддаоят бошад, гўй...
— Муддао надорам, дар ҳамин солу замона шўи ту хари моро беному нишон хўраду ман бў гирам, а? – сухани ўро бурида даъвогар шуд Сайрам.
— Дар хонаи касе, ки ҷувол-ҷувол гандум бошад, ба хар хўрдан чӣ ҳоҷат?
— Ҳоҷаташ бисёр, – даст афшонда гуфт Сайрам,– аз дасти шўи ту ҳар кор меояд...
— Инашро ту надонӣ, ман намедонам...
— Вай харкор не, хархўр!
— Шўят даҳон надорад чӣ, ту даъвогар шудӣ? Ё..
— Чӣ мағал доред, занҳо? – аз моҷаро пай бурда, пештар омад бригадир.
Касе ҷавобе надод.
— Чӣ шуд? – боз пурсид Сафо.
— Шўи ман хари Сайрамро хўрдааст, –буғзи гулўяшро фурў бурда, гуфт Бону ва бо остини саргирак оби чашмашро пок кард.
Бригадир дергоҳ хомўш монд, баъд лаби поёнашро бо дандонҳо соида-соида оҳиста гуфт:
— Ман аз гапи шумо метарсидам-ку... Ҳай занҳоя, гап ба шумо нарасад, – баъд овозашро баландтар кард: – Ба ин чизҳо кордор нашавед, кори худатонро бинед!
— Чӣ хел кордор намешудаем?! – арбада кард Сайрам, – бечора мардак харро ба шумо дода, ба пушташ хор кашонаду боз шарик нашавем? Чаро хари биргад гум нашуд, хари Собир гум нашуду аз они ман гум шуд!
— Хайр, аз они ту гум шуд, акнун чӣ мекунӣ?
— Товонашро мегирам!
— Хуб, мегирӣ, – ҷавоб дод бригадир ва як дасташро пешу пушт ҳаракат дода, аз назди даравгарон дур шуд.
Боз хомўшӣ. Вале зиллаҳо хомўш намешаванд.

7

Садои занҷири чархҳои мошин торафт тез мешуд. Ҳаким телпакро гирифта сарашро дастмол карда як ба Шавкат зеҳн монд, баргашта ба роҳ нигарист.
— Тағо, ҳушёр шавед, акнун нишеб меравем, – гуфт ў ва пойҳояшро сахттар пахш кард, ки мошинро бозмедошта бошад.
Ронанда дудаста аз рул дошта сари синаи худро ба он такя кунонд, пой аз газ гирифта ба помонаки тормоз гузошт, баъд дар ҳар гардишгоҳ чароғро куштаю гиронда меронд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан