Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 107 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 107 аз 470 · 3 ноябри 2026

Вале овози бемавриди ў ба Хаким хуш наомад. Ў сурфид, то садои ҷавонро пахш кунад, ба дилаш воҳима афтод, худ аз худ харро зада «их, чуқ-чуқ» карда забон ба ком бозӣ доронд. Баъд қадамҳояшро кушоду бардам гузошта, хомўш рафтан гирифт. Дар сараш моҳ мисли як нони калони самарқандӣ, ки гўё аз орди гандумҳои пеш аз ин кашонида пухта ба об андохта бошанд, лапида, баробари ў пеш мерафт. «Ихе, дардат занад!» боз хитоб кард Мардон, баъд садои «тарсӣ» ба рони хар бархўрдани халачўби ў баромад. «Одамӣ махлуқи аҷиб аст, дар як лаҳза ҳам навозиш мекунад ва ҳам чўб мезанад» аз фикр гузаронд Ҳаким ва дид, ки аз як дашти фароху бедарахт гузашта, ба торикии анбўҳи дарахтони даромадгоҳи деҳаи Сўҷина дохил шуданд. Харҳо хомўшии деҳаро вайрон карданд. Садои рўди Муғ ба гўш расид. Харҳо ба пули он доира зада гузаштанд, ба шаҳри Панҷакат ворид нагашта, рўз шуд. Шарокаткашии имрўза барои Ҳаким дигар хел намуд. Гўё ў ба ин кор ҷазбманд набуд, касе ўро тела дода мебурд...
Вақте ки мудири анбори заготзерно аз ў «Писаратон канӣ?»
гўён пурсид, Ҳаким ба ташвиш афтод ва:
— Мактаб рафт,– гуфт.
— Ин бачча кӣ?
— Писари Абдуқодир, – изҳор кард Ҳаким, гўё ки он мард Абдуқодирро медониста бошад.
— Ба шумо кӣ мешавад?
— Ҳамдеҳа, ҳамроҳ...
— Як маслиҳат, агар маъқул шавад, «ҳа» гўед, маъқул нашавад, гап байни ҳардумон монад... Гап ин хел: ман медонам, ки шумо ҳам зиндагӣ доред, биргад ҳам. Шумо бо биргад мислиҳат кунед, як раҳ гандумро накладной накунад. Шумо гандумро биёред. Он тарафашро ман ҳал мекунам. Хар чӣ хоҳед, мегиред, хоҳ аз магазин ягон чиз хоҳед, хоҳ пул. Бовар кунед...
— Шумо имони комил доред, ки ягон гап намешавад?
— Ҳа... фақат гап дар ҳар дуи шумо...
Ҳаким сар ба зер афканд. Баъд ба лаби поёнаш дандон зад.
Қадам монда аз анбор дор дур шуд.
— Маъқул нашуд?– аз пас овоз баровард ў.
— Не, маъқул, – ҷавоб дод Ҳаким, – лекин биргад ин хел одам не... Мардон, харҳоро ҳай кун!..

8

— Биргад, ҳамин кор тилло дошта бошад ҳам, дигар як раҳ намеравам...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан