Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 109 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 109 аз 470 · 3 ноябри 2026

Пас аз ҷанг Ҳаким аввалин бор садои «унға»-и кўдакро шунид.
Бар ивази он қадар садои таркишҳои зиёди тиру тўп як овози бемадори навро шунид садои нав, ҷаҳони нав, рўзи нав.
Чанд сол аст, ки пирон ва пиразанҳои деҳ таваллуди одами навро интизор буданд ва мегуфтанд, ки ҷанг дар байни наслҳо фосилае гузошт. Ва дар он солҳо таваллуди одами навро беҳуда ва хатто бори гарон медонистанд. Сонитар фарзанди панҷуми Ҳакимро ҳам сарборӣ донистанд, гўё ки аз ин азоби оила зиёда мегашт. Вале Ҳаким писари панҷумро ҳам мисли дигар фарзандҳояш қабул кард. Ҳар бор, ки банди шибоғро аз пушт ба замин монда, отангу говронаро дар шохи тути каҷ овехта, хона медаромад, сари гаҳвораи ў мерафт ва агар занаш ўро печонда ба офтобрўяи айвон нишаста бошад, ҳамчун адои қарз нигоҳе афканда, сипас аз паси кори рўзгор мешуд.
Бархилофи Аливу Валиҳояш номи навзодро Ҳаёт гузошт, ки дар таки ин – ҳаёти нав ва умри дубораи худро дар назар дошт.
«— Худо ҳам аҷиб, ба фарзандталабон фарзанд намедиҳад, ба нодорҳо қатор мекунад» – ба гўши Ҳаким боре ин сухан расид, вале ў ба пиразане, ки духтарчаи ўро «фисин» гўён сарзаниш карда гузашту баъд ин гапро гуфт, ҷавобе надод.
Дар дил «дорои ин кӣ бошад?» гуфта лабханд кард ва аз гурбадави хона досҳоро гирифт, ки бурда чарх дорад...
Ҳангоме ки аз дари устохонаи оҳангарӣ даромад, бўи оҳани гудохта ба димоғаш бўи ошно, вале баду ғашоварро овард, гўё бўи тиру тўпҳо, танкҳои сўхта ва бўи борут роҳи нафаси ўро мегирифт. Ў рўй турш кард ва панҷаи чапашро фишурд.
— Ассалому алайкум, – гўё ҳама чизро фаромўш карда гуфт ў.
— Ваълайкум ассалом, биё, Ҳаким, – таклиф кард Мухтори оҳангар ва тешаи пешбастаашро ба оби тағора андохт. – Дос овардӣ?! – пурсид.
— Ҳа, дарав наздик, юнучқаи боғҳо ҳам даравӣ шудаст.
— Бишин, кори дунё мешавад. Наменамоӣ, намедароӣ? – даст ба пешдоман пок карда гуфт Мухтор.
— Ҷуфт дина тамом шуд.
Мири асптоз дами дар нишаста ресмони дамро мекашид. Аз нафаси дам манқал лух мегирифт ва шарораҳо пош мехўрд. Ў ба сўҳбати Мухтору Ҳаким гўш дода, дамро оҳиста-оҳиста кашид.
Лухи оташи қўра ҳам паст мешуд Дар оташ оҳанҳо сурх шуда буданд. Мухтор бо анбўри дароз як оҳани гудохтаро гирифта, рўи сандон гузошт ва бо чаккуш зад, пас ба ҷои пайкардаи чаккуш зарби гарони путки шогирдаш расид. Мухтор анбўрро тоб дода гўё пушт ва паҳлўҳои оҳанро медошт ва зарби гарони путки шогирд онро ҳамвор ва нафис карда, ба шакл медаровард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан