Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 112 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 112 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Додо, муаллима-холем аз мактаб мераванд, – Алӣ аз хонаи Ашўра чунин хабар овард.
— Куҷо мерафтааст?
— Намедонам, Бунафшаро дўстдорӣ карда, «маро дигар муаллима-хола намегўӣ, ман муаллимиро бас мекунам, вале ту имсол мактаб меравӣ» гуфтанд. Баъд кокули ўро кушода аз нав бофтанд. Ва гуфтанд, ки Бунафша меистад, ту рав,– ба падар фаҳмонд Алӣ. Ҳаким андаке ба хаёл рафт, такдири Ашўраро фикр кард.
«Шояд яке аз ҷавонҳое, ки аз ҷанг барнагаштанд, бахши ў буд...
Шояд...»
Вале ҳеҷ кас намедонад ва дар ягон сўҳбат сухане нарафтааст, ки Ашўра касеро дўст дошта бошад. Ҳама медонанд, ки ў дар ҳавлии падарандар нағунҷид ва ба мактаби муаллимии шаҳр рафта, пас аз ду сол баргашт. Ва рўзҳои аввали баргаштанаш ба назари мардум бегона намуд, ҳатто Ҳаким ҳам ба ў бо назари нек нигоҳ намекард. Ўро бинад, дандонаш гўё як ваҷаб меёзид.
Вақтҳои аввалин бор ба синф даромаданаш касе ўро писанд ҳам намекард. Ҷавонҳо базўр дар партаҳо ҷо шуда, мешиштанд ва ҳатто занҳое ҳам буданд, ки кўдак сина медоданд, беназокат ва безарофат менамуданд. Кӣ ва чӣ будани Ашўраро медонистанд.
Барои Ашўра ҳам ҳеҷ кадоми онҳо ношинос набуд. Медонист, ки Муяссара зани кист, Шарифаи пучуқ духтари кист, Зевар модари чанд фарзанд аст, медонист, ки чаро Ёрмуҳаммади дароз фақат дар партаи ақиб менишинад, сабаби хандида шиштани писари Ёрча чист, Умари аробакаш чаро як рўз меояд, чанд рўз на...
Ҳамаашро медонист, вале...
Агар ҷавонмардони ношинос беиҷозат аз синф бароянд, ҳарфе намегуфт ва агар қасдан дер монда, дари синфро кушода «Маълим, мумкин?» гўянд, рад намекард. Ў ба ҳама корҳои онҳо тарафдор ва ҳатто касе ёд надорад, ки ба сухани ягон кас ҷавоби бад ё баситеза гуфта бошад. Оқибат, ў ба ҳама «духтарам-муаллима», «хоҳарам-муаллима» ва «муаллима-хола» шуд. Ўро касе дигар Ашўра намегуфт, вале имрўз чӣ шудааст, ки ў муаллимиро тарк мекунад? Ягон кас ранҷондааст? Ё худаш фикр мекунад, ки саводаш намерасад? Муаллимҳо аз ҷанг баргаштанд ва муаллимҳои нав омада истодаанд, шояд ў лозим набошад? На. Фақат як чиз
– тарғиботи раису бригадир ўро ба колхоз гузаронд. Худи Ашўра ҳам аҳволи колхозро дида, гўё ба ёрӣ гузашт.
Ашўра аз курсӣ ба зин гузашт. Савори аспи сафед шуд. Пешпеши подаи колхоз мерафт. Ферма ба овул мекўчид. Тиру устухон, чанбар, чиғу намади хиргоҳу козаҳоро ба харҳо бор карда, ба фарози Сафедхок рост шуданд. Подаро ҳам ба роҳи калон мебурданд, то майсаҳои роҳро поймол накунад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан