Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 115 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 115 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Меравам.
Ашўра ўро боз сахттар ба синааш пахш кард.
Ҳаким сўҳбати онҳоро шунида, дар остона истода, табассум мекард. Бону дастҳои хамиролудашро мушт карда, аз ошхона ба саломи Ашўра омад.
— Салом, муаллима!
— Салом, апаҷон...
— Муборак шавад, фўрма...
— Ҳа, раҳмат, апаҷон, омадам, ки шуморо ҳам барам.
Бону ба шавҳараш нигарист. Ҳаким табассум дошт.
— Канӣ бишинед.
— Ака, омадам, маслиҳат кунем, ки ба ферма гузаред. Ҳам ба шумо, ҳам ба апем ва ҳам ба баччаҳо кор ёфт мешавад, – ба домони ҷогаҳи Бунафша нишаста гуфт Ашўра.
— Бо калонҳо маслиҳат кунем-чӣ.
— Ҳама розӣ мешаванд, гап дар худатон...
Ҳаким ба хари бўраш гилему кўрпаҳоро линг баста, сандуқро сарборӣ карда ва ба хари ферма дегу табақ бор кард. Вақте ки қўшу палтар карда аз пули поён гузашта, ба роҳи Сафедхок рафтанӣ шуд, дар кўча ба пичинги одамон дучор омад:
— Ҳа, Уматқул, қўшу палтар кардед? – гуфта Ҳасан ўро ба Уматқули ҷўгӣ нисбат дод. Ва Ҳаким бо табассум сағрии харро халачўб зад.
— Канӣ! Фушун меравӣ, Абдуҳаким? – пурсид мўйсафеди Муҳаммадӣ.
— Не, ако, ба фўрма.
— Бечора, аз шир мондагӣ, – гуфт касе.
Ҳаким ўро нашинохт. Як ба пас нигоҳ кард ва боз ба роҳаш рафт. Фарози Сафедхок аз гўшаи бинои охирини гузари Шингиҳо сар мешуд. Борони як поси шаб борида заминро лағжон карда буд. Баъзан пои хар лағжида, ба зону мезад ва гардишгоҳ дуртар бошад, мисли лижабозон фурў мелағжид. Ҳаким Сафедхоки Хурдиро баромада дар хамгашти байни фарозҳо бо кадом андешае ба писараш муроҷиат кард.
— Валиҷон, бачем, акнун харҳоро худат ҳай карда бар.
— Куҷо барам, додо?
— Ба овулгоҳи Санги Сипар.
— Охир...
— Метарсӣ-а?
— Не, додо, худатон бошед, беҳтар.
— Ҳар кӣ шавӣ ҳам, тарсончак нашав. Заҳраи мард бояд каллаи хирс барин бошад.
— Тарс не, додо...
— Набошад чӣ? Ҳамроҳи ман рафтан?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан