Шояд ягон сирр ҳам надошта бошад.
Онҳо аз даҳонаи Сирнова ва баъд аз Бурснова гузаштанд. Аз пеш Санги Сипар намоён шуд, ки ба теғи офтоб сина сипар мекард.
Санги лайси сурхчатоб поя дар об гузошта, ба адири офтобрўя қомат афрохтааст. Ин санг мисли синаҳои ҷанговарон аст, ки бар тиру сарнайзаҳо сипар мекарданд. Вале ин санг ҳадафи найзаи заррини офтоб аст. Неши оташини хуршед бар синаи ў мехалад, Санги Сипар устувор ва матин аст, гўё оҳану фўлод ба ҳам омехта тарҳи онро рехта бошанд.
Синаи мард бояд як умр сипар бошад: ҳам ба зарбаи душман, ҳам ба заҳрхандаву шакархандаи дўст ва ҳам ба сардсеру гармсерҳо. Гўӣ бар ин сипари сангин ягон зарбае нарасида бошад, лайс, безахму осеб метобад. Ҳар пагоҳ, вақте ки офтоб аз қуллаи Бурснова боло мешавад, Санги Сипар ба саломи вай оғўш мекушояд ва офтоб аз даруни сандуқи синаи ў механдад. Ва вақти ғуруби офтоб чашмаи ашк рухсораи санги пояндаро мешўяд. Гўё офтоб маҳбуби ўст, ки аз омаданаш масрур аст ва аз фироқаш гирён. Ба назар мерасад, ки меъморони пурҳавас ва ҳайкалтарошони боҳавсала ин лавҳаро аз кадом набарди таърих ба оғўши кўҳистон кўчонидаанд: теғаи паҳлўи чап монанди гурдофарини болопайкар аст, ки ин тахтасанги азимро ба теғи офтоб ҳамчу сипар медорад. Ва шахҳои чукка ва теғадор, ки гирду паҳлўи теғаи азимро иҳота кардаанд, ҳамчун лашкар ба назар мерасанд, ки овул ва овулиёнро посбонӣ мекунанд. Дар тарафи соярўи соҳили рўд ферма козаву хиргоҳ задааст ва ин козаву хиргоҳҳо дар миёни кўҳҳои азим ҳамчун харсангҳое ҷой гирифтаанд, ки сели баҳор ба канор андохта бошад. Сабзаҳои бороншустаи адирҳо аз партави Хуршед зумуррадгун метобанд. Аз овулгоҳ Бурснова мисли манзараҳои Женева ва Париж менамоянд. Кўҳи баланд, арчазори сабз, кўмоду ўған, буттаҳои вағнич ва мушаҳои аз байни бурсҳо печида баромада ва фарку заранг кўҳро чунон зебо кардаанд, ки тамошояш серӣ надорад. Фақат нисфи танаи кўҳ метобад. Вақте ки теппаҳои пасту баланди мисли зинаҳо ба тартиб омадаро пайи ҳам мебароед, манзараи Бурснова фарохтар намудор мегардад.
Сипас аз кадом буни бутта ва ё санге кабке парида ба ҷои дигар меравад, ба сари санге баромада, фарёд мекунад, ки сайёд омадааст. Манзараи Бурсноваро хониши кабкҳо боз ҳам дилкаш мегардонад. Аз болои харсангҳои танаи кўҳ оби чашма метаровад. Қад-қади чашмаҳо марминҷон печ дар печ аст. Ҷо-ҷо дар бехи кўмодҳо замбўруғҳо мисли сари синаи духтарон сап-сафед барҷаста баромадаанд. Аз зери санг ва регҳо ревоҷ панҷа задааст.
Дар доманаи рези сиёҳхок хурёк рустааст, ки мисли рангинкамон рахҳои кабуду сабзу сурх дорад. Ҳамин кадар зебоии Бурснова бар муқобили ҷилои Санги Снпар аст, ки то гашти офтоб ба ин тараф акси шуъо меандозад.





