Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 119 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 119 аз 470 · 3 ноябри 2026

Донаҳои паррадори ба сони парвардаву печак калон-калони жола ба Санги Сипар бархўрда, монанди ҳаппак парида ба даруни об мезаданд, гўё аз осмон тухми мусича борид, болои сабзаҳо сафед шуд. Болои об жола шино мекард. Ҳоло ҳам табиат бо хонаҳои сиёҳ шўхӣ карда, ба намадаш нағора мезад. Дар саргаҳи Бурснова барқ дурахшид ва раъд ғуррид. Каппаву хиргоҳҳо ларзида рафт.
Бори дигар раъд, мисле ки даруни овул заминро тарконда баромада бошад, пуршаст гулдуррос зад.
Ҷўякҳои давродаври каппаву хиргоҳҳо аз оби жолаву борон пур шуда, ба сўи каппайи Ҳаким ҷўя бастанд; жола пеши обро гирифта, дар атрофи каппа дам андохт ва аз паси чиғ об даромад.
Бону поҷома то зону бардошта, пои луч берун баромад ва бо бел пеши роҳи обро чок кард.
— Дугона, таги об мондӣ-чӣ? – аз дари каппа сар берун оварда фарёд зад Зироат.
— Ин арасота бин, боз омада-омада дар ин хамӣ каппа задани мардака намегўӣ, – гўё аз кори шавҳараш норозӣ шуда гуфт Бону.
— Жола монд, ҳозир борон ҳам бас мекунад, ёрӣ диҳам?
— Не. Ба даруни каппа об надарояд, шуд.
— Ҷои хоб тар нашавад, гўй...
— Намурдӣ ту, фикру зикрат ҳамин, дигар гап нест? – гуфт Бону ва табассум кард, дар рўйҳояш ҳусн пайдо шуд ва боз зеботар гашт...
Зироат ба сухани ў эътибор надодагӣ барин каме ба тарафи рост гардан ёзонда, гўё аз паҳлўи каппайи Бону ба касе нигоҳ кард:
— Омаданд, – гуфт ў.
— Кӣ?
— Ду кас, яке аспакӣ, дигаре харакӣ.
Бунафша пои бараҳна тохта баромад, ки савораҳоро бинад.
— Додом! – фарёд зад ў ва баъд илова кард: – Додому муаллима-хола.
Ғанӣ ҳам давида баромад. Борон монда буд, ки Ҳаёти дар гаҳвора хобида ҳам ба ғаш даромад.
— Бунафша, гаҳвораро ҷунбон! – аз паси каппа фарёд зад Бону.
— Оча, додом! – ба модараш ҷавоб гардонд Бунафша. Бону аз паси каппа гузашта ба савораҳо нигарист. Муаллима ба сар шинели Ҳакимро гирифта ва Ҳаким ҷуволеро чўпонӣ карда ба сар кашида буд.
Бону зуд ба каппа даромада, ба ошдон оташ гиронд. Аввал шоху шибба партофт, баъд кундача. Фазои каппаро дуд пахш кард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан