Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 121 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 121 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Худо ту гурезаро гирад,– гўён Бону рафта аз гўши гўсола кашола карда ба гарданаш каманд андохта баст ва ба шавҳараш рў оварда гуфт:
— Додои Валиҷон, пагоҳ ба фўки ин буққача сих занед-чӣ?
— Пагоҳ шавад канӣ.
Акнун аз паҳлўи каппаву хиргоҳҳо садои ғав-ғави ширдўшӣ баромад. Дар соғу ва хурмаву сатилҳо ширҳои гарм кафк мекарданд. Дасти ширдўшҳо равғанӣ мешуд. Баччаҳо дар гўсоладорӣ ёрӣ медоданд.
Аз ҳама баъд подабон омад. Шиб-шибар буд. Зироат ўро дуокунон хест.
— Худо гирад ту афандиро, таги ягон бурс шинӣ, мемурӣ?!
1
— Тӣ метӣ? – рўй турш карда, лаб ҷунбондани занашро дида, гуфт Тўйчӣ.
— Хок мегўм, бало мегўм! Амаки Муҳаммадмуродро бин, аз думи гўсолаҳо буданд, хушки қоқ.
2
— А! Дова тўш!
— Салом, Тўйчибой! – ба назди подабон рафта фарёд кард Ҳаким.
— Аа, таом-таом! – ҷавоб гардонд Тўйчӣ.
— Читу? – сар ҷунбонда, пурсид Ҳаким.
— Фо! – нарангушташро рост карда гуфт Тўйчӣ.
— Ҳа, саломат бош! – гўён гузаро шуда, барои мехгардон кардани асп рафт.
— О, худоноумед, даро, либосатро каш! – ба танг омада гуфт Зироат.
— Тӣ метӣ?
— Мур, мегўм! Умеди ту барин мард хушк шавад, умрамро хазон кардӣ-ку!
Тўйчӣ чакманро болои каппа партофта, дарун даромад. Мўкиҳояшро кашида ва либосашро дигар карда, калўши кўҳнаро сари по гирифта баромад.
— Эй, ма тӣ туам?– ба занаш муроҷиат кард Тўйчӣ.
— Ҳар рўз чӣ кор мекардӣ? То додар аз мактаб омадана гўсола медорӣ, – писарашро дар назар дошта гуфт Зироат,– бист рўз, монд.
— Ош натадӣ?
— Ошро бо чӣ кунам? Ту мард шуда бозору мазорро надонӣ?
— Ҳээ, мон, душна-душна!
— Ҷим, фўрма ҳамин ҷо! – шавҳарашро наздиктар хонда гуфт ў.

  1. – Чӣ мегўӣ?
  2. – Биё мон... говро дўш.
Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан