гурезон мекунад. Ба ту шир диҳад, баччаам гушна намонда бошад, гуфта, чун ба овул наздик шуд, бонг занад, аз чашми подабону гўсолабон пинҳонӣ макконад, боз ту ба пистони вай сих занӣ.
Беадаб нашуда раве..» – худ ба худ ғур-ғур кард Ҳаким. Баъд рафта пистони говро хабар гирифт. «Муре, бачча нашуда раве»
гўсоларо ҳақорат кард ў. Сипас, гўсоларо дошта назди гов овард ва баччаҳояшро фарёд зад:
— Абдуғанӣ, Бунафша! Ин ҷо биёед!.. – онҳо тохта омаданд.– Ана нигоҳ кунед. Ба синаи гов нигаред. Бинед, ки очаашро чӣ қадар азоб додааст.
— Мурад, занед, кушед, додо!– хориаш омада гуфт Бунафша.
— Не, ба куштан ҳоҷат не, ана бинед,– гуфт Ҳаким ва сихи фўки гўсоларо гирифта, онро сар дод. Гўсола ба тарафи модараш рафт. Фўк дароз карда, шатта зада макиданӣ буд, ки гов лагат андохт, баъд шох зада гўсоларо намонд.
— Ана дидед, – гуфта Ҳаким гўсоларо дошт.
— Монед занад, додо, ин бемаънӣ, гўсола, – боз гуфт Бунафша.
— Агар модараш вайро пеш кунад, дигар ягон гов роҳ намедиҳад, – гуфт Ҳаким ва ба писараш рў овард, – Алиҷон, тохта болои Санги Сипар баро, писарам, як банд алаф дарав карда биё, гов гушна.
Алӣ як ба зардии офтоби теғаи Бурснова нигарист ва аз секучаки каппа досро гирифта, башаст он тарафи об гузашт ва ба сои Санги Сипар баромад. Пас аз лаҳзае оби чашма лой омад.
Тўйчӣ бегоҳ хашмӣ омад ва бесалому алейк ба Ҳаким муроҷиат кард.
1
— Ато, чӣ тадӣ? Дов мема! Хун-хун! Аа?
— Дигар илоҷ набуд. Ҳеҷ гап не...
— Нее, данда. Фўма медана.
— Парво накун, дигар ин хел намекунем, – ба гўши ў наздик шуда гуфт Ҳаким.
— Ҳаа, данда, – гапи худашро дуруст дониста, табассум карда, ба каппа даромад.
Алӣ банди қиёқро назди каппа гузошта, аз гўши гов кашида, паҳлўи каппа овард ва нисфи алафро пешаш партофт. Гов аввал гўшҳояшро чур карда «ҳумм» гўён баччаашро ҷеғ зад, баъд бо забонаш алафро бардошта ба кафша даромад. Як даҳон гирифта ба сўи баччааш нигарист боз «ҳумм» гуфт.
Аз ҳама охир Бону ба дўшидани вай омад. Ангуштони дар дораи (сари пистон, чоч) говҳои дигар равғанӣ шудаашро ба пис-
- Ако, чӣ кор кардӣ Гов мемурад! Хун меравад! Чӣ кор кунам?





