— Алиҷон, ту наздаш нарав, боз феълаш мегирад, – гуфт Ҳаким ва аз гарданбанди гўсола дошта бурд. Очаву бачча фўк ба фўк шуданд. Ало баччаашро лесид. Баъд иҷозат дод, ки макад.
Бону ўро эдир кард. Аз ҳар дорааш чандқултӣ шир хўрд. Сонӣ Ҳаким ресмони ўро кашид, Бону аз нав дўшид. «Ана акнун нарм шудӣ, ҳушат омад. Э ҷонвар, беҳуда ҳам худатро азоб медиҳӣ, ҳам маро».
Бону гўё охирин қатраҳоро афшурда гирифт, баъд гўсоларо сар дод: «Ана акнун, ҳар қадар шир дуздида бошӣ, ба баччаат деҳ...»
13
Субҳ надамида Ҳаким бедор шуд. Роҳи Каҳкашон гўё бо қади об боло мерафт. Ситораҳо ниҳоят бисёр ва осмон равшан. Ў як дам тамошо кард, ба хаёл рафт, баъд ғанабаш бурд. Оби сой шаби дароз ўро алла гуфт, акнун насими субҳ навозиш мекунад.
Ба гўши Ҳаким садои «ғув-ғув»-и ширдўшӣ расид, чашм кушод, ки ситораҳо хеле кам шудаанд ва ситораҳои равшану хираи дур як-як аз чашми ў мегурезанд. Вале Ҳаким ба ситораҳо чандон аҳамият надода, бархост ва ба лаби об фаромад.
Зироат дастурў шуста сатилашро об гардонд, баъд ба дари каппааш рафт.
— Ҳоло ҳам нахестӣ-чӣ? – ба шавҳар муроҷиат кард ў, – Худо ту карро гирад, эй, хез, охир, гўсоларо кӣ медорад?!... Худоноумед, подачӣ шудӣ, ман аз думи ту омадам, ана акнун «фах» гуфта хоб меравӣ. Ўй, хез! То мактаби Тўра тамом шудана!..
Тўйчӣ сухани ўро намешунид. Зироат сари ҷаҳл ба каппа даромада, кўрпайи рўи ўро кашид.
— Ҳаа?! – фарёд зад Тўйчӣ.
— Хез, охир!
Тўйчӣ як чашм кушода ба берун нигарист. Баъд гўё ки Зироатро ягон шаппотӣ мезада бошад, башаст хест. Хамёза кашид ва гаранг-гаранг лаби об фаромад. Болотар Муҳаммадмурод фўтаашро рўи сабза густурда, намози бомдод мехонд.
— Ҳее, данак! Нон те! – пас аз подаро ба қадди об рост кардан гуфт Тўйчӣ.
— Худат даст надорӣ, аз корсон гирифта рафтан гир-дия! – арбада кард Зироат. Вале Тўйчӣ даст афшонда, асояшро гирифта аз паси пода рост шуд. – Ист, нон гир, девона, дар ин рўзҳои дароз аз гушнагӣ мемурӣ. Ў, ба ту мегўям! – тохта рафта, аз паси гиребони шавҳараш кашид Зироат.
1
— Дум тав! – баргашта фарёд зад Тўйчӣ.
- Гум шав!





