Ва ҳамчун деҳқони каландзан ба кафи дастонаш туф карда, соиш дод, баъд мошинро ронд.
— Барф аз нав сар кард-ку? – ба Ҳаким рў овард ў.
— Акнун боридан гирад, он тарафаш ҳамворӣ. Боз ҳамон гапдия, тағо! Ин сарсонии беҳуда, афтобазаҳои Душанбе ин вазифаро ба зима мегирифт... Ҳоло ҳамаашро мебинед, тағо: мо аз завод шулхаро ба вогзал кашонда, ба вагонҳо бор мекунем, вагонҳо то Самарқанд мебаранд. Аз он ҷо боз ба мошинҳо гардонда, то колхоз мекашонанд. Як моҳи дароз тамоми мошинҳои колхоз банд...
— Дилро васеъ гиред, амак!
— Э, тағое, дил аз водии Зарафшон ҳам васеъ, лекин имкониятҳо танг. Имкониятҳо ана ҳамин роҳ барин дур, ноҳамвор, – аз дастгираки пеш дошта гуфт Ҳаким...
Шишатозакунакҳои пеши мошин мисли ду дастёри чолок пағаҳои барфи ба рўи шишаҳо нишастаро ба ду тараф рўфта, пеши чашмро ба андозаи карчи харбуза тоза мекарданд. Гўё Ҳаким аз паси ин дарича ба роҳ нигариста, ҳодисаҳои тобистонаи фермаро аз хотир мегузаронд.
14
Гуппизанӣ тамом шуд. Ҷуволҳои қатор пур аз дўғ ва корсонҳо пур аз равған буданд. Занони ба ёрӣ омада баргаштанд. Валӣ ҳам имтиҳонсупорӣ рафт, вале аз мудири ферма дарак набуд. Аввал занҳо нимшўхиву нимҷиддӣ «аз гуппизанӣ гурехт» гуфтанд, баъд овул хавф бурд. Ҳаким зиёдтар дар ташвиш шуда, бегоҳирўзӣ тангии Дарвозаро гузашта, ба деҳа рафт ва пагоҳи дигар баргашт.
Ҳамроҳи Ашўра баргашт. Серуку секучак сохта ба болояш чиғ
1 паҳн карда ва занҳо дўғҳоро ҷўшонда, обашро давонда, кашк сохта ба болои секучакҳо чиданд.
— Ако, рўғанро об кунем, бурда месупоред? – маслиҳат барин пурсид Ашўра.
Рўзи дигар Ҳаким ба се хар шаш бидон равған бор карда, ба анбор бурда супурда омад. Рўзҳои охир ба Ашўра рамузгирона нигоҳ мекард ва фурсат меҷуст, то аз ў чизеро пурсад. Оқибат, вақте ки Бону говҳоро дўшида омад, ба сари хўроки шом нишастанд, Ҳаким аз Ашўра пурсид:
— Хуҳарам-муаллима, ту аз ман руст накун, бигўй, ки раис ба ту чӣ гуфт!
Ашўра ҷавоб надод, гўё саволи ўро нашунида буд. Бону бо хайрат ба ў нигарист. Ҳаким боз пурсид:
— Ба гап рафтетон?
- Қурут — Ҳа, – оҳиста ҷавоб дод Ашўра.





