Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 130 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 130 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ду буққаи гаронвазн мисли паҳлавонҳои азимҷусса дар майдон гирд мегаштанд. Ҳарду аз дур дўғ зада, замин канда ва шох кашида ҳамдигарро ба майдон талаб мекарданд. Буқкаи сиёҳ худро бегона ҳис мекард ва буққаи зард торафт баландтар наъра мезад... Ногоҳ аз байни наъра ва «пуф-пуф»-ҳо садои пурдаҳшати ба ҳам бархўрдани шохҳо баромад ва дар Санги Сипар танин андохта, хомўш шуд. Гўё ду паҳлавон дастбагиребон шуданд. Буққаҳо пешонӣ ба пешонии ҳамдигар гузошта ва пойҳояшонро ба замин тир карда ҳамдигарро тела медоданд. Бегона Зотиро як қадам тела дод, пас гови Зотӣ реб дода паҳлў гашт. Бегона башаст ба шиками Зотӣ шох заданӣ буд, ки гузаро шуда рафт. Ва боз баргашта, шох тир кард. Паф-пуфи тарафайн аз нав сар шуд.
Буққалоч боз поён омад.
Ҳаким даррасид, ки буққаҳоро бо чўб зада, ҷудо кунад, вале аз дўғу пўписаи онҳо тарсида бозистод. Акнун Бегона зўри худро ҳис карда чобук ва катъӣ пеш омад, ки Зотӣ бо зарбаи тамом худро ба ў зад. Бегона пушт рафта пойҳояш қат шуд, Зотӣ чунон зарба зад, ки садои «бўъ» гуфтани Бегонаро Санги Сипар баргардонд...
Бегона чолокӣ карда хест ва то ҷон дошт, гурехт. Зотӣ аз паси ў пеш карда рафт ва пас аз хеле вақт садои наърааш аз Бурснова баромад.
Ҳайвонҳо як гурезанд, дубора ба зўровардашон наздик намешаванд. Вале одамизод дигар аст, ҳама вақт фурсат мепояд ва ҷои ниқор меҷўяд...
Ҳоло ҳам садои буққалоч овулро мекўчонд. Гови Ало нодўшида монд.

15

— Валиҷон, нагуфтам, худатро овора накун. Ҳам як моҳат беҳуда гузашт, ҳам ба додот ёрӣ надодӣ...
— Оча, монед акнун!
— Ба шумо баччаҳои инзамона насиҳат намефорад. Ҳамаатон мехонед, баду некро медонед, чашматон кушода шудагӣ. Гап зану дар бало мон.
— Оча, дар китоби таърих навиштагӣ, ки ин замон ун замон не!
— Ун замонат кадом? Замони овулдории Каримбойро мегўӣ?..
Бачем дар ҳамон вақт ҳам гуппии Каримбойро се рўз мезаданд, ҳозир ҳам гуппии фўрмаро се рўз мезананд, чӣ фарқ доштааст?..
— Оча, ин гапатона муаллима-хола нафаҳманд, ки хафа мешаванд. Гап дар Каримбою ферма не. Аз муаллима-хола пурсед, ҳамаашро мегўянд.
— Фақат ман нодон, дигар ҳамаатон – доно. Маҳмаддоноиатро дар шаҳр мекардӣ, қабул мешудӣ.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан