Гарчӣ аз ҷамоат коғаз бурд, ки сернуфузанд, суде накард. Дарди кас ба кӣ лозим? Ашўра баъди ин воқеа як бор омад. Ҳоло бо роҳгузарҳо, чўпонҳо ва ҳезумчиҳо пайғом мефиристад ва ягон чиз таъйин мекунад. «Дар Сарой кор зиёд: говхонаҳо ба зимистон омода нестанд; одам намерасад», - мегўяд… Пас аз ду рўз овул бояд кўчад. Шабҳо хунук, шири говҳо кам шудааст ва шибарҳо говҳоро сер намекунанд.
Субҳ. Шабнам намади козаву хиргоҳро тар кардааст ва бўи поруро фурў нишондааст. Ҳавои хуш ва форам шуши касро тоза мекунад. Гўсолаҳои кенҷа ва дерӣ гардан фурў кашида, аз сармо ғунча шуда меистанд. Говҳои пир ҳоло ҳам шиками вазнинашонро бар замин партофта, кафша мекунанд, дандонҳояшон ғирч-ғирч садо медиҳанд, вале ғуноҷинҳо алафҳои хўрдаашон ҳазм шудааст, ки кафша надоранд. Бапоянд: ё баччаашонро дидан хоҳанд ва ё иштиҳои наҳорӣ доранд. Гови Ало аз болои шохҳои дари чайла гардан ёзонда бо баччааш фўк ба фўк мондааст. Бону «Худо гирад, ту очаи меҳрубона» гўён як шаппотӣ зада онро аз чайла дур мекунад.
— Зироат, сахт-сахт дўш, овози сатилат аз Санги Сипар ояд, субҳи охирин аст, – бо оҳанги ҳасрат мегўяд Бону. Гўйӣ аз манзили аҷдодӣ ба ягон биёбони дур ва ношинос мекўчида бошад.
— Гўш кун, дугона, гўш кун! Ман сахт-сахт медўшам… «Рамазон ин ҷо не, ҷои дигар, кӣ мурдаву кӣ зинда, то соли дигар?»
гуфтаанд.
— Бидўш, дугона, бидўш, – гуфт Бону ва баччаи гови Алоро аз чайла баровард.
Мардон намади козаву хиргоҳҳоро бозгирифта буданд, амуду устухон, қуббаву шиғҳои бараҳна исклети хушки одамиро ба ёд меоварданд, ки то ба ин дам хеле ва хеле хизмат карда, бад-ин аҳвол гашта бошад. Ҳамаро гирифтанд, ниҳоят аз овул пайи гирдаи козаву хиргоҳҳо, пайҷои мехҳо ва ошдону танўр ва тобасангҳои сиёҳи зери ҷуволҳои чакка боқӣ монданд.
— Мардак, атрофи танўрро бо тобасангҳо маҳкам кунед, вайрон нашавад, – гуфт Бону.
— Вайрон шавад, боз месозем, – ҷавоб дод Ҳаким ва алачуғҳоро баст.
Бо овул аз ҳама пеш пода хайрухуш кард. Пода ором ва бепарво мерафт. Фақат баччаи гови Ало пешхезӣ карда худро ба пода зад. Сихҳои фўкаш модарашро безор мекунад.
Дар ҳама ҷо ширинкоре бояд.
19
Мудири ферма – хафа. Такудав дорад, ки барои аъзо дар Сарой
ҷой тайёр кунанд, то говдўшҳо ҳар рўз чаҳор километр роҳро ду бор рафта наоянд.





