– омадааст дар қиссаи дигари адиб бо номи «Буд, набуд»...– Сафедорҳои баланд-баланд ва чормағзҳои парешоншохи азим аз наздик ба гулдастаҳо монанд шудан намехоҳанд. Теппаи Гили Бўта тарафи шарқии деҳаро печонида ва дар доманаи он каме даст гардонидааст. Гўё ин даст як умр деҳаро дошта меистода бошад ва дар ҳамон ҷо, ки мисли оринҷак шакл гирифтааст, ду дарахти туғ ва як бурси дерсола ҳаст... Ин бурси дерсола шохҳои сабз ҳам дорад, шохҳои хушк ҳам. Шохи рости теппааш хушки қоқ ва дар кадом фасле, ки дар он паррандае омада шинад, аён мегардад».
Асарҳои нависанда хонандаро бо мавзеъҳои гуногуни Амондара шинос мекунад, аз қабили Сурхнова, адирҳои Сафедхоку Сурххок, Кафтархона, Сойи Калону Боғи Гарон, шахҳои Шахи Сафед, Шахи Сиёҳ, Гаҳвора, Чукка ва Ҳисор, кўҳи Яккабурс, ҷари Хокканак, теппаи Шоён, фарози Зонушикан, Алафпая, Дашт, Санглох, Хонақо, Таги Ғор, ғори Кафтор, Камари Дукчӣ, Харсанг, Говхона ва ғ.
Сорбон зодгоҳашро дар ҳолатҳои гуногун: дар хушию хурсандӣ, дар ғаму ғусса, дар мотам, дар мусибат, дар шодию нишот, тўю сур, дар фоҷиа ва ғ. ба қалам овардааст. Замони инқилоби болшевикӣ, босмачигирӣ, колхозӣ, ҷанги Гермон, ҳаёти осоиштаи баъдиҷангиро тасвир намудааст. Ва бештар аз ҳама дар давраи ҷанг ва баъди он, зеро ин замон ба замони бачагӣ ва навҷавониҳои муаллиф рост омад ва хотираҳои давраи бачагӣ фаромўшнашавандаанд.
Тасодуфӣ нест, ки нависанда ба саволи адиб ва рўзноманигори варзидаи тоҷик Фотеҳи Абдулло «Зодгоҳ чист?» ҷавоб гуфтааст, ки «барои он ки ба пурсатон ҷавоб гўям, ҳама асарҳоямро бояд аз нав баланд-баланд хонам, то шунаванду донанд, ки зодгоҳ маро чист ва онро то куҷо дўст дорам?»
Манзараҳои Амондара ва тарзи гуфтору рафтори аҳли он қариб дар ҳамаи асарҳои нависанда ҳузур доранд. Меҳри деҳа ва бошандагони он аз овони бачагӣ дар тану ҷони адиб ҷо гирифтааст ё чунонки мегўянд, ба хун даромадааст.
Ба деҳа, ба зодгоҳ, ба ватани кўчаки худ дилбастагии зиёд доштани ин ва ё он қаламкаш, дар айни замон Сорбон дар асл бадӣ надорад. Аммо ин падида дар нақди адабии тоҷикӣ дар солҳои 60-70-ум ва каме дертар низ номатлуб шуморида мешуд.
Мунаққидони «патриоти» тоҷик шоирону нависандагон, алалхусус ҷавононро бештар ба васфи ватани бузург – Иттиҳоди Шўравӣ даъват мекарданд. Шояд бар асари ҳамин гуна дастурҳо («установкаҳо») буд, ки дар вақташ баъзе аз роҳбарони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сорбонро мутаҳҳам бо он карда буданд, ки воқеа ва ҳодисаҳои қариб ҳамаи асарҳои ў дар як мавзеъ, дар як минтақа, яъне дар Амондара ва давру бари он мегузаранд ва ин гўиё боиси маҳдудияти фаъолияти эҷодии вай гардидааст. Онҳо ба адибони ҷавон рафтан ба сохтмонҳои бузурги асрро, аз қабили Норак барои ҳаётомўзӣ маслиҳат медоданд ва як-ду нафареро намуна меоварданд, ки рафтанд ва асарҳои замонавӣ офариданд.





