Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 94 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 94 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Як дам истед,– гуфт Бону ва тозон рафта аз сандуқ ҷомаи беқасаби домодии ўро овард: «— Чандин бор маҷбур ба фурўш монданӣ шудам, вале дилам нашуд, – сар хам кард ў. Дастонаш ба пеш ёзида ҷомаро медоштанд.
Ҳаким бари рўи чапи Бонуро сила кард:
— Ҳоло бурда мон, ҳамин мешавад,– гўён бари шинелро дошт ва оҳиста-оҳиста қадам монда аз дарвоза баромад.
Шинели дароз қариб то буҷулаки по мезад. Ҳангоми гаштан аз чоки ақиби домани шинел соқҳои мўзааш менамуд. Телпаки хокистарранги ў, ки шаби дароз дастгираки писаронаш шуд, гўё бар гўши росташ вазн андохта буд. Бону то ба хамгашти кўча пинҳон шудани ў нигоҳ кард, баъд ба хона даромад.
— Ассалому алайкум, раис!
— Марҳамат, – чашм аз мусоҳибаш – устои чоруқдўз наканда гуфт ў.
Ҳаким ба усто ҳам салом дод ва даст ёзонд. Мардак каме ковок шуда, бо ў вохўрӣ кард, баъд ба пои чагиш вазн андохта интизори сухани раис шуд. Ба назари Ҳаким чунин расид, ки рўи усто дуд кард, усто гўё гапашро гуфта натавониста бархост ва ланг-лангон рафт.
— Ин ҳам тўҳфаи ҷанг аст?– бо рамуз ба пои ланг ва асои дасти усто ишора кард Ҳаким.
— Не, потеша задааст... Соли чилу дуюм. Фақат панҷаҳояш нест. Акнун ҳар вақт мебиёд, ки ба ман ягон кори сабук ёфта деҳ. Намефаҳмам, ки кори сабуки ў чист... Ин мардак, агар шарм накунад, дар ҷанг ҳамин хел шуд гуфта, чиҳое даъво намекунад.
Канӣ гардед, як назди мудир равем...
Раис пешопеш ва Ҳаким аз дунболи ў сўи анбор равон шуданд.
Аз пули рўд гузаштанд. Хомўш мерафтанд.
— Ассалому алайкум,– ба пешвоз баромад мудири анбор ва дасти рост, ки ду ангушти байн набуд, ба раис дароз кард ва ҳамчу одоб дасти мундаи чап бар соиди росташ гузошт. Бо Ҳаким низ ҳамчунон вохўрӣ кард.
Раис аз дари кушоди анбор дохил шуда, ба чор тараф нигарист, баъд ба мудир муроҷиат кард:
— Муҳаммадсиддиқ, дар таги анборатон ягон чиз монда бошад, ба Абдуҳаким…
— Раис, дар анбор ба ғайр аз бўи муш дигар чиз нест... Магарам, ки ба осиёб...
— Ҳа-ҳа, ба як коғазча нависед.
Муҳаммадсидик қаламро байни лабонаш гузошта, аз зери матои сурхчаи рангпарида ва сиёҳирехтае, ки ба рўи сандалии кўҳна партофта шуда буд, коғазпораеро кашида, сарангушт, ангушти ишорат ва ангуштакро ба гирди қалам печида, навишт:

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан