Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тани Рўйин ҳам сангин аст, ҷунбиданаш душвор ва ё беҳушу беёд аст; ё худ хоби чандсолаашро гирифтанист.
Сағира сахт тарсид; сахти сахт тарсид: гоҳе ки ҳама ҷоро орому хамўш дарёфт, тарсид; чун ҳама чиз ба ҳаракат омад, сахт тарсид; бо чунин ҳаракату ҳолатҳо Рўйинро мувофиқ дид, сахти сахт тарсид. Аммо ў тарсашро ба касе гуфта наметавонад. Боз сахттарин тарсаш он буд, ки панҷтираи даруни дўл гузоштаро пайдо накард; ў ҳозиру нозир, ки касе ба он ҷо надаромадааст ва ҷондоре аз особ бурун наомааст; чун метавонад чизи андаке пеш даруни дўл гузоштааш бепаю поча шавад? Ба ҳар ҳол даруни гандуми дўлро даст андохта кофт; донкосаву гулўи санги гардонро хабар гирифт, ки яке лағзида баробари донаҳои гандум тагсангу рўсанг нашуда бошад. Аммо барои пурра хабар гирифтану донистан санги гардонро боздоштан лозим меомад, вале санги даввори беобу оташу барқро наметавонист боздорад. Ними ҳушаш ба панҷтираву особи гардон буд; ними дигараш ба Рўйини беёд. Як пой беруни остона ва пойи дигар даруни остона лаҳза ба лаҳза хабардор мешуд аз сардор. Ўро ноҷунбон дарёфта шукр мекард, ки то пайдо шудани камон аз ҷой нахезад.
Аммо садои баланди чархбол ҳамаро дарҳам барҳам кард; аз ҷумла Рўйини хуфтаро бедор кард. Ў якчашма ба чархбол нигарист, ки аз тори кўҳҳои боло омада, болои тути дами особро гузашта, ҷониби дашт рафт ва мазмун тори теппаи Шоён фуруд омад, ки садояш хомўш гашт. Особ низ.
Рўйин арақи сард баровард ва ба худ омада камон пурсид.
Сағира қисса бозгуфт. Сардор ҳайрон монда рост ба чашмони ў нигарист: «Рост гўйӣ?»
— Рости рост.
Ин замон санги хомўши особ давр гашт, ки на об буду на бод буду на оташ.
Рўйин, ки чандон ба худ наомада буд, аз гуфтору кирдор чизе напурсида ба особ даромад ва камонро даруни дўл дида, ҳайрон ба наврас рў овард:
— Сағира, ё чашмат камнур шудааст, ё камон куҷо монданатро фаромўш кардаӣ.
Сағира ба худ наомада ва чизе нагуфта ба гўши Рўйин садое омад; садои шинос: «Чизе дар ин дунё поянда ва абадӣ нест!» Ва донист, ки садои ҳамон файласуфи барои чунин ақида ҳабсшуда бувад. Ў аз хондаҳояшу аз донистаҳояш чунин суханҳоро зиёд мегуфт: «Маро барои он ба зиндон андохтанд, ки поянда ва абадӣ буданашонро медонистанд.»
........
«Бояд бадар шавем; ин ҷо ҷойи мо нест...»
«Рост. Набояд бо бало сар ба сар шуд...»
«Ақлат медавад-а, Сағира?»

пешина
аз 393
навбатӣ