Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Тамоман дигар шудагӣ ин халқ. Ба даҳ сен касро мефурўшанд; гуфтам-ку, чуғул бисёр... Ана якеш дар он сўйи рўд. Аз миёни шохҳойи дарахтони рехтабарг ба Дашти Малла нигоҳ кунед, мебинед. Рама метобад. Ана ҳамон сафеду сиёҳ метофтагиҳо бузҳои ҳамон чуғул. Шумо ўро мешиносед, аммо кас ё нокас будананашро намедонед. Зеро як каси аз худаш зўртарро бинад, чорқат шуда салом мекунад ва хушомадҳое мезанад, ки хубтар аз ў инсоне нест. Ҳайдар...
— Мешиносам Ҳайдарро...
— Шаклан мешиносед. Тоқии ўбадаи қарқину сиёҳгаштаро то рўйи абрўвони ба рўйи чашму бинӣ хамида мекашад, ҷома ё пиҷаки остинҳояш дароз пўшида, кашол ҳам мекунад; эзори галифеи милисагии дар рахаш милки сурхдўхтаи аз кўҳнабозор харида мепўшад, ки як нишонаи тарсонидани одамон; онҳо медонанд, ки Ҳайдар бо сардори милисаҳо шиносоӣ дорад, ягон касро бад бинад, росту дурўғ ахбор бурда он касро аз кору бораш мемононад ва то сафедро аз сиёҳ ҷудо мекунанд, ки бечора хеле сарсон мешавад. Мақсад: пулбурорӣ. Обро лой карда, моҳӣ доштан.
— Чархбол ҳамон тараф меравад. Назди рамаи ў мефурояд!
– аз паси санг қомат рост карда ва тори санг баромаданӣ шуда баланд мегўяд ў.
— Агар Ҳайдар донад, ки аспон дар куҷо, худро ширин карда, ба чархбол нишаста, аз тирезааш нигоҳ карда «Маро бинед!» мегўяд. Ҷойи аспонро нишон медиҳад, аспдуздро ҳам куллук карда ба дасти онҳо месупорад.
— Бад гуфтӣ?
— Бади бад.
— Бадро Худо ҷазо диҳад...
Чархбол нанишаст ба Дашти Малла. Болотар рафта, новаҳоро давр зада боз ба болои деҳа баргашт. Сафедорҳои баланд, чинорони азим ва дарахтони чормағзи дерсола гузар намедоданд, ки ин паррандаи оҳанини тарсугар ҳамон зайле ки паси дарахтон меояд, ба Тангно дарояд. Барои гузаштан баландтар ва аз Шахи Сафед ҳам баландтар бояд парвоз бикунад.
— Бубин, аз паҳлўи сафедор гузашта...
— Мезанад! Мезанад!
— Гузашт-э, бало... Тикки мо меояд... Мепарронам!
— Охир, накунед ин корро. Тиру камони мо ба вай кора намекунад. Беҳуда мурда меравем. Ҳардумон ҳам бесоҳиб.
— Не, гашт.
- 9,3 рубли онвақта
- Бо даст ишора кард дурро ва Рўйин сухани ўро набурида, бодиққат ва бо
рағбати тамом гўш медод «Ҳар балову ҳар қазову ҳар вабое пеш ояд, дафъ кунӣ, Парвардигор!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор