Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро ў зиёд андеша мекунад, аммо аз нақшаву хостаҳояш чизе намегўяд. Ба назараш Рўйин гуреза метобад. Ва медонад, ки чархбол ўро ҷустуҷўй дорад. Вале вонамуд мекунад, ки ҷабҳае сохта, бар зидди кадом нерўи муқтадир баромаданист; лашкар надорад.
«Мо бояд чорае андешем, то пойи номубораки душман ба ин хок нарасад.»
Баракси пиндору андешаҳои Сағира фармуд Рўйин, ки тўли дам ба дарун гирифтанаш аз ин хусус фикр мекарда бошад.
— Охир, генералам, таҳдиде нест ба диёри шумо...
— Таҳдид нест, лекин чуғулӣ зиёд... Дар синну соли ту ба чунин чизҳо аҳамият намедодам. Гумонам: ҳамин хел бояд бошад; яке дар бораи дигаре бояд гўяд, сирру савдои якдигарро фош кунанд, мардум ислоҳ мегарданд, дигарбора бадкориашон такрор намеёбад... Ҳамааш баракс будааст: бояд бад ё нуқсону норасоии касеро нагўйӣ; то ҷон дорӣ ё имкон дорӣ, ўро бояд ситоиш кунӣ – дурўғ бошад ҳам. Калонтар шуда фаҳмам, касе хуш қабул намекардааст фошгўйиро. Балки кина мегирифтааст... то ҷое, ки аз пайи нобудии он соддадил мешудааст... Ману ту кадом дунёи озод ва ободро орзу мекунем. Намешавад... Дар банди ҳар пойи мо ҳазор завлона ҳаст. Худо накунад, ки ана он чўпони даштималлагӣ ҷойи пинҳоншудаи моро фаҳмад. Молашро дар саҳро бечўпон партофта ба милисахона медавад. Шўъбаи хурдаш дар паси Қашқоӣ, наздикак. Лағҷида мефарояду хабар кашида, яктоз сари мол меояд, ки нисфи киштзори колхозиро хўрдааст. Вале касе ба ў чизе гуфта наметавонад, ки ҳуҷҷати девонагӣ дорад; сахттар ситезӣ, худро ба замин андохта бардорузан мекунад ва аз даҳонаш кафк мерезад. Ҳоло ҳама чизро мефаҳмам. Дорулахлоқ чашмамро кушод. Файласуфи пир чӣ будани ду дунёро фаҳмонд:
«Мо аз бефаҳмиву нодонӣ ба ду сарой дил мебандем» гуфт. Вале ман ба ҳеҷ чиз дилбастагӣ надорам. Ҳамаашро дидам. Бошаду бошад, он дунё ба мисоли зиндон аст ё ба сони дунёи мо.
«Уҳу!»
Сурфид Сағира, ки касе ин ҷониб меомада бошад. Рўйин ҳам хомўш монд. Баъд суоломез ба ҷавон нигарист.
«Не, касе нест. Ҳамту сулфаам омад.»
«Не-е-е... дурусттар гўш деҳ, садое меояд. Гўё касе кўҳро мезанад; гум-гум дорад.»
Рўйин аввал бовар кард ба ҳарфи ў: «сулфаам омад» мегўяд, сонӣ хашм гирифт, ки фиребаш кард. Зеро гум-гум садо баровардани Сафедхок нишони омадани пода, гала ё гурўҳи одамон буд; ин чизро Рўйин хуб медонист, аммо Сағираро чандон рўшан набуд. Гоҳе ки ягон-ягон мардон аз кўҳ баргашта деҳаро ором дарёфтанд ва баъд дигарон хару хингил карда, чунон ки қофила баста буданд, бозомаданд. Рўйин сабаби сурфидани Сағираро дар бозгашти онон донист, вале ҷавон зинҳор мекунад, ки аз бозгашти онон хабар надорад; ҳамту гулўяш хориду сурфаи паст омад.

пешина
аз 393
навбатӣ