Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Момо барои обу нони мардикорҳо бевазанаки шиносро низ киро кард. Вазифаи момо ҳамин буд, ки то чўбу чахс ва хоку кулўхи кулбаро яктарафа кардан чашм аз кори онҳо наканад; шояд чизе барояд. Чанд сафолаки сурхранг баромад. Саҳл монда буд ҷони момо низ барояд: «Воҳ!» ҳамин қадар ифода карда тавонист. Пасон лаб газида хомўш монд, то мардикорон чизе нафаҳманд. Лек як шаккок будааст: «Ҳа, мома, шикаста, бурдаанд?» Момо нашунида ангошт. Хештан ба нодонӣ зада сафолпораҳои табақворро ба ҳам оварданӣ шуд. Садои ба тунука ё оҳанпорае расидани сангчае ё зарфе шунида шуд. Тақрибан аз назди паҳлўдарӣ буд. Пасон ҳамон мардикори моморо пурсида обдастаеро боло кашида, рў ба рўи офтоб дошт ва боз ба момо рў овард: «Ҳамира мехостӣ, мома?»
— Бале, писарам. «Аз барои як нахўд, ҳавзи оба хўд», гуфтаанд. Вагарна ҳоҷати хонаро вайрон кардан набуд. Кӣ мондас дар ин пирӣ ин қадар ташвишро? Ман ин обдастаро мешиносам.
Баъди ҳамин кулбаро сохтан гум карда будем. Мисӣ бошад ҳам, базеб. Нигораҳо дорад. Қуббааш сарманораҳоро мемонад. Одам ҳам ҳамин хел баъди садсолаҳо зери хок мондан пайдо шавад будааст. Э офарин-э...»
— Аз сад гузаштӣ, мома?
— Ба сохтани ин шаҳру ин хона сад сол нашудааст-у?
Сўҳбат қатъ гашт. Момо обдастаи тиллорангро ба банди дил пахш карда ва гоҳе дастмол карда (ба чӣ маънӣ худаш донад), то кандани сутунчаи охирин ва бардоштани хоку кулўх нигарон истод ба кори онҳо. Чоштхўрӣ баромаданд. Як бор вазнин-вазнин харобаро гашта, ҳама ҷоро аз назар гузаронд. Дар дил шодмонӣ дошт, ки набера ба ҳама бофтаҳо ва бозёфтҳо бовар хоҳад кард...
Танҳо аз ҳамин хотир обдастаро назди заршинос бурданд. Мис баровард ў обдастаи зеборо. Ятим ба риққат омад, ки наход чунин офаридаи санъату ҳунар мис бошад. Вале чун заршинос харидорӣ кард: «Чанд пул мефурўшӣ?» дили момо раг зад:
«Намефурўшам. Ин мерос!»
Момо бо дили пуру вақти хуш сохтани биноро оғозид. Дар дили Ятим низ рўшание дамид. Чун хона сохта шуд, момо духтари Расулии самарқандиро хостгорӣ кард. Аммо Ятим баччаи хоксорона дар шаҳр ба воят расида «Ман хостаамро мегирам» гуфт.
— Гуфтӣ-ку, хоста надорам?
— Надорам. Пайдо шуданаш мумкин.
— «Не» нагў, баччем. Хоҳӣ, ки рўзгорат хуш гузарад, ҳавлиат рўфтаву обзада, хонаву дарат обод, дегу табақат ҳалол, дастархонат кушода, муҳимтараш – вақтат хуш бошад, духтари самарқандиро бигир...
Ятим розӣ шуд... Арўсро дар хонаи нав фуроварданд. Рўбинони арўсу бурёкўбони хона якҷоя шуд ва ҷиҳози арўс хонаро зебу зиннат бахшид, гарчӣ момо рахти кўрпаву болишт фармуда буд дўзандаҳоро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор