Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Тааҷҷуб кард Ёрмуҳаммад: «Магар назаркарда аст, ки тир пай накунад? Танҳо аз чашмаш бояд зад ўро». Ҳо, тез буданд чашмони Ҳомид-қўрбошӣ ва ҳар чашм наметавонист ба нигоҳаш тоб оварад.
Вале Ҳомид-қўрбошӣ сўҳбатро лоиқ надид, пурсупосух нахост:
— Қаваш кунед ин нохондамуллоро!
Ва ўро дар ҳамон хонаи сафед банд карданд. Ду тан посбон монданд ва ў нигарон буд, ки чӣ расад аз қазо. Андаруни хонаи хурди бетиреза, ки танҳо дарича дошт, андеша дошт, ки ройгон мирад, коре накарда, чизе надида, ба мақсад нарасида бимирад, ҳол он ки дар ягон афсона чунин нашуда, ки ҷавонмард дар роҳи равон бимирад. Дар хоначаи торик, ки баъди даричаро пўшидан торикистон шуд, ў панҷа бар гулў зад, то хешро хафа карда кушад, вале нафасе баъд дастонаш мадор накарданд. Донист, ки бо чунин усул худкушӣ осон набувад; ёдат мераваду мемурӣ, меафтӣ, боз зинда мешавӣ... ва ў тоқат надорад ба чунин беҳуда мурдан, беҳуда мурдан... «буздилон чунин муранд...» Зад даричаро ба лагад.
Даричаи фартут парид ба берун, аммо дар зулфину ҳалқа ҳамоил монд. Ёрмуҳаммад қоматашро хам карда, аз хона баромаданӣ буд, ки дар сари дилаш пошнаи камон зад.
— Озодӣ мефорад-та? – масчоҳӣ гуфт ў. Ёрмуҳаммад ҷавоб надод, бурун омадан хост.
— Тири қўрбошӣ форад? Ё зарби шамшер? Шукр бикун, ки қўрбошӣ гузашт кард, ҳар нохалафро ҷо ба ҷо мекушт ў. Аз осмон ситора орад ҳам, мекушт... саркашӣ накун, якравӣ накун, ҳар чӣ фармояд, розӣ бишав.
— Чӣ мебоядаш?
— Бояд, ки бо ў ёр шавӣ... Вай ҷазонмардони шуҷоъро дўст дорад.
Ёрмуҳаммад хомўш монд андаруни хонаи сафед. Ба андеша рафта буд, ки чӣ гўяд, чӣ бикунад. Мутеъ гардад ё сарбаланд мурад? Сараш гиҷ шуд, сар афшонд. Вале кушода нашуд сараш, балки ба дард даромад. Гўё аввалин бор дуруст дар бораи ҳаёту мамот фикр карда, сараш ба дард омад. То алвақт сар-сарӣ мегашт, хап-хап мегашт, пинҳону аён мегашт ва то рўзи даста ташкил карданаш касе намедонист, ки ў чӣ ҳунар дорад... ва якбора аз ҷўраҳои меҳмонхонаи гузари Шингиҳо даста ташкил кард, аз меҳмонхонаҳои дигар ҷўраҳо ёфт... ва инак ҳисобот диҳад ба худ, ки чӣ кор кард. Чизе ба даст наовард: худ андаруни хонаи хурд, ёрон дар фирор ва надонад, ки чӣ ҳол доранд онҳо...
— Чӣ шуданд ёрони мо? Хабар надоред? – андеша пеш овард Ёрмуҳаммад.
— Тан доданд ба Ҳомидбек!
— Тан доданд? Не... Онҳо тан надиҳанд, сар диҳанду тан не...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор