Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Рафиқ командир, ин ҷо шуморо мувофиқ набошад. Ҳама ҷо сўхтаву сиёҳ ва ранги об хунин, тори сангҳо низ хун баста…
— Агар чунин набуд, мо дар ин ҷо пиёда нашуда будем.

ХУНОБ

Ҷое, ки аз қатли оми соли гузашта ба чашм зуд расад, сарҳавз аст. Сарҳавзи таърифие, ки гоҳи ҷониби Фарғар раҳ сипардан аз дасти чап мемонад, тамошояш нафрат ва ғаши касро меорад.
Аз дарахтони беди гирдогирд кундаҳойи нимсўхта боқӣ буда, танҳо як дарахте болотар аз хок ду навдайи сабз дорад, дигар ҳама фано гашта. Деворҳойи чойхонайи овозадор низ аз дуди оташ сиёҳ гашта, валу вайрон, хоки фурўрехтайи тораш даруни чордевори вайронаро пур карда ва нимсўхтаву восўхтаҳо гўша аз хок бурун хобидаанд ва андовайи похсадеворро об шуста, ҷўяҷўя нақш мондааст ва касро ба дуриҳо барад, ки замоне дар ин ҷо ҷондоре ё одамизода умр ба сар мебурд. Оби ҳавз гандида ва хушкида кафлесакҳо мурда ва часпидаанд бар лойқайи хушкида ва сафолак баставу кафида. Равшан, ки аз он рўзи қиёмат то ҳол даҳанайи сарбандро сел зада ва ё он рўз вайрон гашта ва то имрўз касе пайдо нагашта ва ё ҳоҷате набуда, ки об бар ҷўйи сарҳавз бандад. Ҳарчанд, ки рўди Муғ миёни деҳаро бурида ҷорист ва мардум оби равонро монда, аз оби такшон ва тозашудайи ҳавз оби соф мекашониданд, имрўз касе нест бар ҷўйи он об гардонад.
Ба ҷойи об сутухонҳо ва тори сару ду гўши саг хаёле аз лой бурун тобад. Мулк бесоҳиб ва хонаҳойи валангор бе кадхудову кадбону дарак аз «кишваркушоийи» кадом сайёҳи шумқадам диҳад.
Дурбин мемонад Прохор Иванович ба атроф; баландиҳойи сари бора, ҷониби дарёобод, ба соҳили рости Зарафшон, ба шахҳойи сиёҳи сўхта аз офтоб ва ё ранги зуғол зада, ба теппаву талҳойи сапеду сурх, хокиранг. Фарози кўҳро харони бордор зўр зада мебароянд ва марди рус чизе аз ин рафтор нафаҳмида, чашм аз дурбин гирифта менигарад, то хубтар бинад, чун хурду норавшан метобанд, осема дурбин ба чашм мегузорад, ки паси теппа хам нахўрда бинад, ки чӣ касанду чӣ кор кунанд.
— Онҳо фирор кунанд?
— На. Онҳо овулакиҳо ҳастанд, ба овул мераванд.
— Авул?
— Бале.
— Тобистонҳо мардуми молдор овул бароянд ва то танги тирамоҳ он ҷо монанд. Зимистон баргарданд. Шумо андар такобҳойи Масчоҳ хоҳед дид.
— Ҳааа-а…
Чун нигоҳаш аз рўйи масҷиди сари пул сўйи ҷануб лағзид, андаруни шишайи дурбин хаёле пағайи дуд аён гардид, ки аз кадом нўкчўбийи фурўрафта ва зери хок мондайи боми масҷид бурун меояд чу дуди ангишти кўҳи Сўхта.

пешина
аз 421
навбатӣ