Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Магар дар ягон давру замон, дар аҳди ягон шоҳ, амир, бек ё амиру тавонгарон ҳоли мардум беҳ аз ин буд? Агар дигарон саводи таъриххонӣ надоранд, ман он саводро дорам ва донам, ки аз гоҳи ронда шудани Одам аз биҳишт касро рўз набувад. Чӣ монад ба кўҳистонӣ? Донам, ки аз омадани Николай ва сурхҳо нони мардум ду газ нашавад. Ҳамон як газ монад ё ҳамон ҳам барҳам хўрад… Чун одамӣ ба умед умр ба сар мебарад, хаёл мекунам, ки бо омадани сурхҳо шояд рўзи камбағалон беҳ гардад.
Ман ғами бечорагонро хўрам, ҳарчанд донам, ки худованд ризқи эшонро ба қадри ҳолашон офарида. Доро дар ҳама давру замон дорост; ҳатто дар он дунё ҳам. Маро ғами онҳо набувад. Бал бо раъиятам. Ва боре дар гузоришҳоям аз эшон бад нагуфтаам, балки ғами онҳоро хўрдаам. Аммо дар тўҳматҳо ояд, ки камбағалонро хор медорам, тўҳмату сарзанишашон мекунам. Худоё, нигаҳ дор аз тўҳмати ногаҳон ва балойи охирзамон…»
— Меравем?
— Куҷо?
— То сари об!
— Рой шуморо!
Прохор Иванович ба ин сўву он сў нигарист ва тарҷумонро пазируфта ба Нақибхон рў овард:
— Шоир, Мирбобо меравад ҳамроҳи ту. Ман ба шумо бовар дорам. Қад-қади об меравед ва ибтидойи ин рангро пайдо карда меоред.
Нақибхон тааҷҷуб кард аз чунин ранг гирифтани кор ва китфон дарҳам кашид:
— Ба ман гуфтанд, ки роҳбаладӣ кунам, на муфаттишӣ.
— Мо ҳоло дар сарҳади волости Пенджикент. Ба Фарғар, ки расидем, роҳбаладӣ хоҳӣ кард.
Шоир гирифтор шуд ба андешайи хеш ва сар андохт, ҳарчанд ки аз рўйи донишу фаҳмиш ва ғурури кўҳистонӣ ин корро кардан хоси ў набуд. Дар ҳама ҳолат сухан ва посухашро мегуфт ва ҳарфи касеро намехўрд, зеро аз касе муттаҳам набуд, муттаҳам будан низ намехост. Чун амри саргурд қавитар аз амри амиру миру бекҳойи таҳҷойӣ буд ҳолиё ва силоҳу афзори ҷангиашон ҳар гоҳ ҷило медод, наметавонист ҳамзабон гардад бо Прохор Иванович.
Аммо ғурураш ба танг оварда буд, ки ҳама ҳарфро сахт гўяд; ҳар чӣ бодо бод. Вале чун чашми фалак хунин аст ва замини ин ҷо хунполо гашта, Нақибхон бо ҳазор андеша худдорӣ мекунад.
— Шумо чунин саркаш ҳастед, ки гирифтори қатли ом мегардед!
Ин ҳарф ҳам ба шоир дахл дошт. Аммо ў худро ба карӣ зада пой бар рикоб ниҳод ва чун бар зин нишаст, Гули Бодом аз рўйи одат рў ба ҷониби Фарғар овард ва чанд сум зада чаҳорнаъл шуданӣ буд, ки савор ҷилавашро тофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор