Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ман мемурамо, ду гўр созед бари ман,
Яктеш бари ҳасратому яктеш бари ман.»

Ин чизро ба инобат гирифта, ба баъзе ҷойҳо маълумот менависам, ки мадад кунанд, то ҳоли халқ беҳ гардад, мардум дигар ранг маънидод мекунанд. Баъд аз ахбори хеш дилтанг мегардам, ки ман бегонагонро даъват мекунам, ки мулки маро зери пой монда, ҳамаро мисли ин деҳаву ин об хунин гардонанд; ба сари мардум кулфати тоза бор кунанд, синайи тифлони гаҳвораро ҳамчу Чингизхон гургона бидарранд; қатли ом фармоянд; сўзанду дузданду рабоянд. Ҷаноби тарҷумон! Аз ин кор мурдан авло нест?
— Осуда бошед!
— Худамро аз кўҳи баланд афканда, мурам, хубтар нест?!
— Ором бошед, ҷаноби шоир, касе шуморо куштанӣ нест!
— Охир ман номи баланд дорам: аламбардори нангу номуси халқ, мушкилосони мардум, дармонбахш, тасаллибахш ва бисёр чизҳойи дигар, ки халқ бар он ихлос дорад ва саҷда меорад. Ман ўро гуфта, ғами ўро хўрда, дар айни ҳол хиёнат ба Ватан мекунам; ба муқаддасот, ба худойи худ, ба зодагони худ, ки аз хоки он рўйида, хиёнат ба он кунам. Оё Худойи бузург биомурзад чунин гуноҳи кабираро? Ман бузургтар аз ин гуноҳеро намедонам…
— Худро ба даст гиред, шумо аз худ бурун рафтаед ва ин хуноба шуморо ангехту олуғда кард. Вагарна ҳеҷ ҷойи воҳима надорад.
— Воҳима нест… Ҳақиқат.
— Русҳо баройи нобудийи мардуми шумо ва ё баройи поймол кардани сарзамини шумо наомадаанд. Бе ахбори шумо ҳам азоби чандтарафайи шуморо медонанд… Онҳо сохти зиндагиро дигар карданӣ. Ҳукумати подшоҳӣ дар ҳама ҷо ҳукумати подшоҳӣ. Халқӣ ё демократӣ нест. Русҳойи нав мехоҳанд, ки дар ҷаҳон зиндагӣ дигаргуна ва ҳама чиз аз они мардум бошад.
— Ҷаноби Мирбобо, ман дар ду дунё бо носозиҳо муросо нахоҳам кард. Киноя ва гўшонаҳойи саркардайи шуморо низ бардошта натавонам. Кас дар батни модар сўйи пирӣ ҳаракат дорад. Дар лаҳзае ки ба дунё меояд, аз дунё меравад. Вале тасаввур кунед, ки чӣ мебинад ва чӣ мекунад? Заҳмат мекашад, мехўрад, ба халоҷо меравад, мехобад… Баъд чӣ? Буд, нест. На!
Набуд, буд, нест… Дигар ҳама беҳуда. Хаёлатон ман намедонам, ки шеър гуфтани ман ҳам беҳуда: он қадар гуфтанд, зиндагиро дигар карда натавонистанд; бисёриҳоро балойи ҷону дарди сари худашон шуд. Гуфтанд, ки пасовандонро дарс шавад, баръакс шуд.
Тавонгар чӣ парвойи панду андарз дорад. Ҳамон панду андарз ҳам аз бадкориҳойи тавонгар пайдо шудааст. Беҳуда ба бузургон пайравӣ карда шеър гуфтам. Суде надорад. Ба гўши хар азон кора накунад.

пешина
аз 421
навбатӣ