Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Пешорўйи аспи ў нону намак рўйи дастҳо нигарони пиёда шудани меҳмони олиқадр буданд. Чанд тан медоштанд афзори тавсанро ва чанде рикобро ва чанде пойи ў аз рикоб мекашиданд; дастҳо сўйи полковник ёзида, аз хонайи зин ба замин оварданӣ мешуданд. Гўйӣ Самарқанд дар хидмати полковник буд. Ва аммо касоне низ дар ин майдон омада буданд, ки агар аз дасташон коре наояд, ақаллан бинанд; ба нодидаҳо ҳикоят кунанд ва ҳама донанд, ки «ҳомиён»-и мардум чӣ мехоҳанд. Усто Фаррух аз Туғрал дур намешуд, то ба дасти авбошони фармудайи қозӣ наафтад.
«Мо бояд пештар аз анҷоми кор биравем.»
«Натарсед, усто Фаррух, инҳо дар хидмати ин сафедҷомайи сияҳдил банд ҳастанд, моро фаромўш ҳам карданд.»
«Вале дили ман гувоҳӣ медиҳад, ки қозӣ ба мўҳтасиб фармуд дастгир кардани шуморо».
«Воҳима накунед, усто.»
«Майлатон… «
«Бубинед, пойи ўро бўсидани қозиро. Ўро монда, ҳаваси моро мекунад?»
Ва навбат истода буданд ба саломи Зайсев. Аммо қозӣ намегузошт, ки ҳама ба мурод расанд. Зуд-зуд ишора ба нону намаки рўйи лаълиҳо мекард, ки меҳмони роҳи дур аз гуруснагӣ мемурда бошад. Полковник Зайсеви пурра ва монанд ба мужикҳойи Сибир мўйлаби малларангашро пушти даст зада бо карру фарр қадам гузошта, садойи ғарчи мўза бароварда, пештар омад ва лаби нони самарқандиро шикаста бар намак расонд ва эҳтиёткорона ба даҳон андохта, хеле муддат дандон назада истод ва баъди хойида фурў бурдани дигарон хойид. «Аз макри шарқиён эҳтиёт бояд кард»
дар гўшаш буд ин панд.
Аҷаб он, ки тоҷирони судҷў дар қатори қозиёну муфтиёну уламойи дину дороён чун душмани Шўро дар пазироийи полковник навбат мепойиданд. Қозӣ беқарор буд ва зудтар меҳмонро аз ҳама ҷудо карда ба минбар бароварданӣ буд. Минбару тахти тозасохти аз чўбу тахта омода кардайи устоҳойи маҳаллӣ гўё замонҳо боз нигарони полковник ва нерўйи мусаллаҳи казакҳойи сафед бошад.
«Марҳабо!» ду даст гоҳ пеши бару гоҳ ишора ба роҳ полковникро ҳадоят мекард ва ҳар бори даст пасу пеш бурдан тасбеҳи аз остин кашол такону алвонҷ мехўрд. Оройиши либос, кифтакҳойи шилшиладори сари китф, тасмаҳойи миёну аз китф ба сарсина уреб кашида, шамшеру наём ва қомату истоди низомиёнайи Зайсев кўдакони тамошогарро мафтун сохта буд.
Қозӣ пеш-пеш ва полковник аз паси ў, дигарон аз дунбол бар тахту минбари муваққатӣ ҷой гирифтанд. Қозӣ фаши кашоли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор