Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Мо инак ҳавливу ҷой дорем дар шаҳр…»
«На, падар. Маро ҷое мебод, ки ҷуз худову худам касе набошад.»
«Одамбезор шудайӣ магар?»
«На, падар. Ҳазрати Бедил фармуд: «Одамӣ, ки пеш аз он одам шавад, бўзина буд.» Мехоҳам дар танҳойиҳо чунин маъниҳоро дарёбам.» »
«Ман низ ин чизро хоҳам. Вале Худойи ягона одамро одам офариду бўзинаро бўзина. Аз пайи чунин андешаҳойи шаккокӣ нагард. Бедил баринҳо низ аниқу яқин надонанд ин чизро. Аз куҷое гўшашон бод бурдааст ва хондаанд, ки мегўянд. Пеш аз он ки Бедил гўяд, касе бар ин чиз ишора карда, албатта.»

«Ба ҳар ҳол, маро ҷойи орому бекас мебод.»
«Оқибат манзили мо водийи хомўшон аст,

Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз!»
Нақибхон як қад парид аз байти хондайи падар ва карахту ором ба ў нигарист, аммо чизе гуфта натавонист, ҳарчанд ки сари забонаш ҳазору як пурс буд.
«Ман ба ин маънӣ нагуфтаам, падар.»
«Ту ба ин маънӣ нагуфтайӣ, аммо ман чунин дарёфтам…»
«Дарёфтани олам имкон надорад, лекин кўшише бояд кард, ки ақаллан гуфтаҳойи пешовандонро сарфаҳм равем.»
«Пешиниён чизе нагуфтаанд, ки бойиси нофаҳмӣ бошад. Вале аз нофаҳмиву нодонӣ чизҳое гуфтаанд, ки ҳама чизро нофаҳмо кардаанд. Худо офарид, худо сохт, худо гуфт, худо дод, худо гирифт… Чӣ нофаҳмӣ дорад?»

Боре гоҳи шикор сайдеро нишон гирифт, гардани баёзи он ва чашмони зиндаву зебояш ақли ўро рабуданд ва ғизол Тўтӣ шуд пеши чашмаш. Сайёд хеле нигарист, ба Тўтиғизол; бовар накарда чашмонашро молид ва камон аз даст афтида ба санг бархўрд, ғизол рамиду «фирқ» бинӣ афшонда гурехт. Аз паси санг архари бузургшох пайдо гашта рамида гурехт низ ва ў камонро чаппа овехта то хона омад ва зану духтарашро диду ба Гули Бодом нишаст ва сўйи Самарқанд равон шуд.
…Тўтӣ нотоб мехобид ва баробари шунидани садойи шиноси суми асп ва аз паси дарвоза сайҳа кашидани Гули Бодом рўймоли сахт ба сар бастаро кушода мўйи сиёҳу дарозашро парешон кард:
«Бурд зулфаш гарав аз мушкилам осониро, Кард нақше ба дилам хатти парешониро…

пешина
аз 421
навбатӣ